Ҳайатҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вохӯрии навбатӣ дар Бодканд хатти сарҳадро ба масофаи 17,66 км муайян кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 1 – 6 декабри соли 2022 дар шаҳри Ботканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Таъкид мегардад, ки зимни ин вохӯрӣ “Тарафҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд”.
Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар назар аст, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.
Дар ҳамин ҳол, ҷузъиёти ин тафоҳум ироа нагардидааст ва гуфта намешавад, ки лоиҳаи 17,66 км сарҳади ду кишвар дар кадом минтақаҳо муайян гардидааст.
Бояд гуфт, қаблан сарони ду кишвар, вазирони корҳои хориҷӣ ва фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон перомуни мушаххас кардани хатти марз чандин бор мулоқот анҷом дода буданд.
Бори охир, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласа оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардида буд.
Он замон ҳам ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи дахлдорро ба имзо расонида, ҷузъиёти онро ба расонаҳо ироа накарда буданд.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз минбари СММ дар Ню-Йорк гуфта буд, дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон даҳҳо протокол имзо шуда, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.
“Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд 602,5 км сарҳадро аломатгузорӣ намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода кунанд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии марзро ташкил медиҳад”, - гуфта буд Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз минбари СММ афзуда буд, “боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд”.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста