Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ имрӯз 7-уми апрел сокинони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои тиббӣ ройгон аз муоина гузаранд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Дар хабар зикр мешавад, ки аз ҷумла имрӯз аз соати 8:00 то 14:00 дар маҷмааи тандурустии “Истиқлол” мутахассисон бепул машварат додаву муоина мегузаронанд ва дигар амалҳои ташхисро анҷом медиҳанд.

“Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирии бемориҳо миёни аҳолӣ рӯйи даст гирифта мешаванд”, - зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, имрӯз дар дигар муассисаҳои тиббии кишвар низ ба ин монанд иқдомҳо баргузор мешаванд, лекин доир ба маҳз дар кадом муассисаҳо доир гардидани онҳо маълумот дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маркази саломатии шаҳрии №1 низ ба қабули шаҳрвандон омодаанд.

1/3

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.