Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки соли 2022 ба тоҷикони Ӯзбекистон китоби дарсиву бадеӣ ва электронӣ бо забони тоҷикӣ фиристодааст. Масъули як донишгоҳи Ӯзбекистон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки китобро дастрас накардаанд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иддао дорад, ки “ҷиҳати бо китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълим таъмин кардани фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз марзи кишвар кору зиндагӣ мекунанд, ҳамеша дар доираи имконият чораҳои зарурӣ меандешад”.
Ин вазорат дар посух ба як дархости “Азия-Плюс” гуфт, дар соли 2022 ин ниҳод барои хонандагон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии Ӯзбекистон як миқдор китобҳои дарсиву бадеӣ ва электронӣ равон кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, “соли 2022 барои хонандагони муассисаи нави таълимии тоҷикзабони шаҳри Самарқанд 17 номгӯй адабиёти таълимӣ (аз ҳар номгӯй 5 нусхагӣ) ба миқдори умумии 85 нусха ва 35 номгӯй китобҳои бадеӣ (аз ҳар номгӯй 5 нусхагӣ) ба миқдори умумии 175 нусха, равон карда шудааст”.
“Инчунин, дар соли гузашта ба тоҷикони ин кишвар барои мутобиқгардонӣ бо барномаҳои таълимии Ӯзбекистон 11 номгӯй (аз ҳар номгӯй якнусхагӣ) китоби дарсӣ ва 39 номгӯй китобҳои бадеии бачагона (аз ҳар номгӯй якнусхагӣ) равон карда шудааст”, - менависад вазорат.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунад, ки шакли электронии китобҳои дарсӣ аз синфи 1 то 11 низ ба хонандагони муассисаи нави Самарқанд равон карда шуданд.
Инчунин, ба иддаои вазорат, “моҳи июни соли 2022 тавассути Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба Институти педагогии Ӯзбекистону Финландия барои донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ нусхаи электронии китобҳои дарсӣ (фанҳои математика, информатика, физика, астрономия (нуҷум), таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, биология, химия, технология) ва бадеӣ ба миқдори 1 ҳазору 154 номгӯй (12 диск дар 6 дискдон) равон гардонида шуд”.
“Китобе нарасидааст”. Шарҳи зиддунақиз
Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, “як миқдор китобҳои чопӣ ва дискҳое, ки дар дохилашон китобҳои электронӣ мавҷуд буд, соли сипаришуда тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои тоҷикони ҳамсоякишвар равон карда шуд”.
Дар ҳамин ҳол, Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, “аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон китобе ворид нашудааст”.
Як корманди Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “то имрӯз ҳеҷ кадом китобҳои дарсиву бадеиву электронӣ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Сафорат наомадааст”.
Ҳамчунин, як масъули Институти педагогии Ӯзбекистону Финландия низ дар сӯҳбат бо мо ин иддаои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро рад кард.
“Воқеан, мо дар Институти педагогии Ӯзбекистону Финландия бо мушкили камбуд ва норасоии китобҳои тоҷикӣ рӯбарӯ ҳастем. Институт моҳи январи соли 2022 ба унвони вазири вақти маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода мактуби расмӣ равон карда, хоҳиш карда буд, ки як миқдор китобҳои дарсиро ба забони тоҷикӣ ба мо равон кунанд. Аммо то имрӯз на китоби дарсӣ, на бадеӣ ва на электронӣ ба Институти педагогии Ӯзбекистону Финландия наомадааст”, - гуфт ӯ.
Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” дар Самарқанд ҳам пайгири ин маълумот шуда буд, ахиран гуфт, “директори Институти педагогии Ӯзбекистону Финландия Акбар Раҳмонов дар сӯҳбати рӯбарӯ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гирифтани ҳама гуна китобҳоро рад кард”.
Китобҳо куҷо шуданд?
Акнун маълум нест, ки китобҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии миёна ва олии Ӯзбекистон равонкарда, куҷо “ғайб” задаанд.
Бояд гуфт, масъалаи камбуд ё танқиси китоби тоҷикӣ дар Ӯзбекитон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Тоҷикони шинохтаи ин кишвар борҳо тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз норасоии китоб бо забони тоҷикӣ шикоят карда, аз ниҳодҳои масъули Тоҷикистон хоста буданд, барои дастрас кардани китоб мусоидат кунанд.
Аз ҷумла, Амина Шарофиддинова, яке аз пуштибонҳои тоҷикон дар Ӯзбекистон қаблан дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз ин вазъ нигаронӣ намуда, гуфта буд, ки тоҷикони Ӯзбекистон бо мушкили камбуди китобҳои бадеиву дарсии тоҷикӣ мувоҷеҳ ҳастанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз боз шудани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2018, мақомоти ду ҷониб аз рушди ҳамкорӣ ҳамвора хабар медиҳанд.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста