Ду кӯдаки 9 ва 12-сола дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд. Онҳо узви як оила буда, дигар аъзои хонавода, модари 52-сола бо як кӯдаки 13-солааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарианд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ҳодиса 15-уми апрел рух додааст ва 4 узви як оила баъди хӯрдани "консерва"-и помидор, ки бо сирко омода шуда буд, дар рӯзи зодрӯзе яке аз кӯдакон заҳролуд шудаанд.
“Сабаби заҳролудшавии хонавода бемории ботулизм аст. Яке аз кӯдакон дар роҳ ба сӯи беморхона ва дуввумӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Шарипова Роҳила, модари кӯдакон ҳамроҳи тифли дигараш дар шуъбаи эҳёи Беморхонаи шаҳри Панҷакент дар ҳолати вазнин қарор доранд”, - гуфтанд аз Вазорати тандурустӣ.
Ному насаби кӯдакон дар дасти "Азия-Плюс" ҳаст, аммо бо ишора ба ноболиғ будани ҷабрдидаҳо ва риояи меъёри ахлоқӣ онро нашр намекунад.
Ин ҳодисаи аввал нест, ки хӯриши хонагӣ боиси марги чанд узви як оила мешавад.
Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонавода аз хӯриши “икра” (хӯриш) заҳролуд шуда, се аъзои оила ба ҳалокат расида буданд.
Ҳодиса рӯзи 11-уми ноябри соли 2022 дар оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳия рух дода буд.
Ҳамин тариқ, дар беморхонаҳои мамлакат соле даҳҳо нафар бо заҳролудшавӣ бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам гуфта мешавад. Мутаассифона ҳолатҳои ҳалокат ҳам ба қайд гирифта мешавад.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста