Имрӯз, 11-уми май, дар Эрон Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии “Китоби Теҳрон” оғоз шуд. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин ҷашнвора “Рӯзи Тоҷикистон”-ро расман ифтитоҳ кард. Дар ин бора Манучеҳр Фақирмаҳмадов аз Раёсати байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, беш аз 20 нафар ноширон, рассомон, кандакорон, дӯзандагон ва дигар намояндагони ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар ҷашнвораи байналмилалии “Китоби Теҳрон” Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.
“Ҷашнвораи “Китоби Теҳрон” имрӯз бо ҳузури вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода расман ифтитоҳ шуд ва то 18-уми май идома хоҳад кард. Дар он ҷо китобҳои тозанашр, расмҳо, кандакориҳо, гулдӯзиҳо ва дигар ҳунарҳои миллии мо ба намоиш гузошта мешаванд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Манучеҳр Фақирмаҳмадов таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони хосса дар ин ҷашнвора иштирок менамояд.
Ҳамчунин, Фақирмаҳмадов илова кард, ки дар ҳошияи ифтитоҳи Намоиши байналмилалии “Китоби Теҳрон” дирӯз, 10-уми май, мулоқоти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Маҳдии Исмоилӣ доир гардид.
“Зимни сӯҳбат вобаста ба ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи театр, санъат ва нашри китобҳо табодули афкор анҷом дода шуд”, - афзуд ӯ.
Бояд гуфт, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” намояндагони 60 давлати дунё иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” аз маъруфтарин ҷашнвораҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, солҳо ба ин сӯ фарҳангиёни тоҷик дар он ширкат меварзиданд.
Давоми чанд соли охир бо сабаби сард шудани муомилоти ду кишвар фарҳангиёни тоҷик дар ин ҷашнвора ширкат карда натавонистанд, вале пас аз ба нарми гароидани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар ду соли охир намояндагони Тоҷикистон расман дар ҷашнвора ширкат мекунанд ва ҳунарҳои миллиро ба намоиш мегузоранд.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста