Ин масъала дар мулоқоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Елена Мухтиярова, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, ки рӯзи 19-уми июн баргузор гардид, баррасӣ шудааст.
Ба иттилои саҳифаи расмии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар “Фейсбук”, 100 ҳазор муҳоҷир пеш аз сафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи бозори меҳнати Русия омӯзонида мешаванд.
“Эҳтимоли омӯзиши касбии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоёни Русия низ баррасӣ шудааст”, - гуфта мешавад дар хабар.
Дар мулоқот ҳамчунин, рафти иҷрои созишнома байни ду давлат дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия ва ифтитоҳи намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Таъсиси намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид” дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.
Қаблан дар бораи таъсиси ин хадамот ёддошти тафоҳум байни Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Фёдор Карповец, муовини директори генералии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Русия ба имзо расида буд.
Омода намудани боз 100 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар Русия дар ҳолест, ки ба иттилои ғайрирасмӣ, аллакай беш аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва қисме аз онҳо пайваста ба муносибати дағали мақомот ва шаҳрвандони Русия рӯбарӯ мешаванд.
Аз ҷумла, ҳудуди як моҳ пеш мақомоти интизомии Русия “шикор”-и муҳоҷирони кории тоҷикро роҳандозӣ карда, дар натиҷа садҳо нафарро дастгир ва бархеҳоро ба Тоҷикистон ирсол карданд. Ҳамчунин, онҳо ба донишҷӯёни Тоҷикистон низ дарафтоданд. Баъдан мақомоти расмии Тоҷикистон аз ин ҳодисаҳо нигаронӣ карда, таҳқиқи қазияҳоро дархост карданд.
Ҳамин тариқ, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон омад ва дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш масъалаи фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ карданд.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста