Нишондиҳандаи ҳаҷми партоби гази карбон дар куҷо аз ҳама зиёд аст?
Байни кишварҳои минтақаи АвруОсиё дар Қазоқистон нишондиҳандаи баландтарини ҳаҷми партоби гази карбон (углекислый газ) ба қайд гирифта шудааст, хабар дода мешавад дар гузориши таҳлилгарони Бонки аврусоиёии рушд (БАОР), ки маълумоти соли 2021-ро таҳқиқ кардаанд.
Коршиносон вазъи экологиро дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, инчунин ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР), аз ҷумла Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки ба Иттиҳод шомил нестанд, мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Ба сурати умум антирейтинги партоби гази карбон тариқи зайл аст (тонна ба як нафар дар як сол):
Коршиносон таъкид мекунанд, ки нишондиҳандаҳои нисбатан паст, ки дар Қирғизистону Тоҷикистон сабт шудаанд, ба ҳиссаи баланди неругоҳҳои барқи обӣ дар соҳаи энергетикаи ин кишварҳо вобаста аст.
Ба ҳисоби миёна ҳаҷми партобҳои гази карбон дар минтақаи АвруОсиё 9,9 тонна ба ҳар як касро ташкил додааст, ки қариб ду баробар баландтар аз нишондиҳандаи ҷаҳонӣ - 4,7 тонна мебошад.