Субҳи имрӯз, 6-уми июл, гурӯҳи аввалини ҳоҷиёни Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргаштанд. Ин гурӯҳ аз 165 нафар иборат буда, рӯзи 10-уми июн озими ҳаҷ шуда буданд.

Бо ҳоҷиёни тоҷике, ки барои баргузории ҳаҷҷи фарзӣ расман ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, дар мавсими ҳаҷҷи имсола мушкиле пеш наомадааст.

Зайнаб Ҳусейнова, як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳоҷиёни тоҷикро дастандаркороне, ки аз Тоҷикистон ҳамраҳӣ мекарданд, аз шаҳри Мадина гусел карданд ва намояндагони дигар дар Душанбе истиқбол гирифта, расмиёти сафарро бидуни мушкил гузарониданд.

“Ин гурӯҳи 165 нафараи ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 10-уми июн ба сафари ҳаҷ рафта буданд ва наздики як моҳ маносики ҳаҷро пурра адо карда, ба ватан баргаштанд. Барои ҳоҷиёни тоҷик дар кишвари мизбон мушкиле пеш наомадааст”, - гуфт Ҳусейнова.

Нахустин ҳоҷиёне ҳам, ки имсол аз ҳаҷҷи фарзӣ ба ватан омаданд, аз муносибати мақомоти амниятии шаҳрҳои Маккаву Мадина, ҳайати тадорукот ва роҳнамоён розиянд.

Маҳмадамин Саидалӣ, яке аз ҳоҷиёни тоҷик дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “муносибат бо зоироне, ки аз Тоҷикистон ба Маккаву Мадина рафта буданд, хубу матлуб буд ва дар адо кардани ҳама маносики ҳаҷ бо ҳеч мушкиле рӯбарӯ нашудем”.

1/9

Имсол беш аз 4 ҳазору 500 нафар тоҷикистониён барои адо кардани маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Ҳама ҳоҷиёни тоҷик то рӯзи 18-уми июл бармегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ барои кӯшиши адо намудани маросими имсолаи ҳаҷ бидуни иҷоза зиёда аз 17 ҳазор нафарро ба ҳабс гирифтанд.

Аз ҷумла, 9 ҳазору 509 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубош, кор ва амнияти марзӣ, инчунин созмондиҳандагони 105 сафари қалбакӣ ба ҳаҷ дар манотиқи мухталифи шоҳигариро боздошт карданд. Ҳамаи онҳо ба ихтиёри додситонии ин кишвар дода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.