Дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК) изҳор доштанд, ки то соли 2030 аҳолии кишвар пурра (100%) бо оби нӯшокии тоза таъмин карда мешавад. Дар ин ҷо итминон доданд, ки сарфи назар аз афзоиши хароҷот, нархҳои хидматрасонӣ ба аҳолӣ дар таъминот бо об ояндаи наздик тағйир намеёбанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 аз аҳолии 10 миллионнафараи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 65,8%-ашон ё худ 6 млн 635 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин буданд, ки 706 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Дар ин бора рӯзи 26 июл дар нишасти хабарии КВД “ХМК Тоҷикистон” хабар дода шуд.
Қаблан шахсони масъули ин корхона изҳор дошта буданд, ки барои таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби нӯшокӣ 10 млрд сомонӣ (зиёда аз 1 млрд доллар) маблағ зарур аст.
Дар ҳамин ҳол, ба ин маблағ хароҷоти дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти таъминот бо об дохил набуд. Лекин ин рақамҳои тахминӣ буданд.
Ба гуфтаи роҳбарони кунунии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Тоҷикистон, айни замон гурӯҳи корӣ масъалаи дарвоқеъ чӣ қадар маблағ лозим будан барои амалисозии ин нақшаро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Соли 2021 барномаи нави рушди Хоҷагии манзилию коммуналӣ қабул шуд, ки то соли 2024 пешбинӣ шудааст.
Давоми солҳои амалисозии барномаи пешина (то соли 2021) ва барномаи давлатии ҳозира ба туфайли ҳамкорӣ бо як қатор ниҳодҳои байнулмилаии молиявӣ, ҳиссаи аҳолии ба оби нӯшокии тоза дастрасидошта аз 43% то 65,8% боло рафт.
Ҳукумат дар нақша дорад, ки то соли 2030 ин нишондиҳандаро то 100% расонад. Бо ин мақсад лоиҳаҳо оид ба барқарор намудани низомҳои обтаъминкунӣ дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар амалӣ мешавад. Лоиҳаҳо аз ҷониби ҳукумат, созмонҳои байнулмилалӣ ва хусусӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Ҳарчанд хароҷот барои таъминот бо оби нӯшокӣ сол то сол зиёд шаванд ҳам, солҳои наздик тарифҳои оби нӯшокӣ тағйир дода намешаванд.
Тарифҳои оби нӯшокӣ айни замон 1,09 сомонӣ ба 1 метри мукааб барои аҳолӣ, 2,02 сомонӣ барои ташкилотҳои буҷетӣ, 3,48 сомонӣ барои корхонаҳои тиҷоратиро ташкил медиҳанд. Барои хидматрасонии обу корез аҳолӣ 10,55, ташкилотҳои буҷетӣ – 1,09, корхонаҳои тиҷоратӣ – 1,88 сомонӣ (1 м3) пардохт мекунанд.
Маълумоти муфассал - бо суроғаи https://khmk.tj/rates/.
Дар ҳамин ҳол, агар ҳисобкунакҳои об бошад, муштариён мувофиқи нишондиҳандаи он маблағ пардохт мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар Душанбе, Хуҷанд, Файзобод, Роғун ва Норак тарифҳои худашон амал мекунад, чунки низомҳои коммуналии ин шаҳрҳо ба низоми хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ дохил намешаванд.
Бо тарифҳои амалкунандаи корхонаи “Обу корези Душанбе” бо суроғаи https://okd.tj/ba-shakhsoni-vokei/ шинос шудан мумкин аст.
Дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ҳамчунин зикр карданд, ки меъёри шабонарӯзии истифодаи оби нӯшокӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми аз 95 то 360 литр барои 1 нафар вобаста ба навъи манзил ва дигар шароитҳо муқаррар шудааст.