Вазорати корҳои дихилии Тоҷикистон дар пайи таъқиби кормандони БДА ба дарё афтодани мошин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки бар асари он 6 нафар ҷон бохт, рад кард.

Ин ниҳод бо нашри изҳороте дар сомонааш навиштааст, ки “ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Бояд гуфт, ки рӯзи 21-уми июл бар асари ба дарё сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ронанда ва панҷ тан аз мусофиронаш ба ҳалокат расиданд.

Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин садама бо шарҳи ин ки он бо таъқиби маъмурони БДА рух додааст, нашр шуд.

Бо гузашти чанд рӯз аз ҳодиса, ВКД бо нашри гузориш дар сомонааш, зикр кард, ки мусофирони дигари автомашинаи мазкур – Ҷӯрабек Менгиқулов ва Ҳусейн Менгиқулов, сокинони ноҳияи Ёвон дар пайи ин ҳодиса ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

“Дар рафти таҳқиқ мусофирони мазкур мавриди пурсиш қарор гирифта, онҳо ҳолати таъкиб намудани автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-ро аз ҷониби кормандони БДА рад намуданд”, - навиштааст ВКД.

Дирӯз, 26-уми июл, муовини додситони вилояти Хатлон Валӣ Ваҳҳобов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “ҳодисаро айни замон прокуратураи вилоят таҳқиқ дорад”.

“Муфатишон баёноти шоҳидон, сабти камераҳои назоратии яке аз мағозаҳоро дастрас кардаанд. Ҳамаи паҳлӯҳои ин ҳодиса омӯхта шуда, дар асоси далелҳо қарори қонунӣ қабул карда мешавад”, - гуфт Валӣ Ваҳҳобов.

Аммо ӯ аз ироаи ҷузъиёти садами мазкур худдорӣ кард ва нагуфт, ки омили аслии он чӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.