Рӯзи 1 август дар маҷмааи манзилҳои «Светлый» дар Екатеринбург як бинокор аз Тоҷикистон, ки дар яке аз ташкилотҳои паймонкори  “ТЭН” машғули кор буд, зан ва кӯдаки хурдсолро аз сӯхтори дар ҳоли алангагирӣ наҷот дод. Дар ин бора дар гурӯҳи «ЖК Светлый микрорайон» дар ВК хабар дода мешавад.

Ба гуфтаи яке аз занҳои иштирокии гурӯҳ мард Манучеҳр ном доштааст.

«Дар хонаи ошёнаи 25-ум, ки як духтаре бо кӯдак зиндагӣ мекунад, дар вақти пухтани маснуоти қаннодӣ сӯхтор сар мезанад. Духтар аз балкон доду фарёд мекунад. Як коргар аз сохтмони ҳамсоя доду фарёдро мешунавад ва дудро аз балкон дида, то омадани оташнишонон ба ин ҷо меояд ва дарро мешиканад. Вақти дарро шикастан оташро аз сӯрохии дар бо шланг хомӯш мекардаанд. Ва ҳамаи ин пеш аз омадани оташнишонон! Оташнишонон бо сабаби мошинҳои дар таваққуф гузошташуда саривақт расида натавонистанд”, - менависанд иштирокчиёни гурӯҳ дар шабакаи иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи худи бинокор,  ӯ сӯхторро аз паси панҷараи хона дида, зан ба балкон баромадааст ва кӯдакро дар дастонаш нигоҳ медоштааст.

Вақте ки Манучеҳр ба ин ошёна мерасад, мебинад, ки ҳамсояҳои зан кӯшиш доранд, ки ба хона ворид шаванд, лекин талошҳояшон бенатиҷа аст.

Манучеҳр бо истифода аз болға дарро кушода, модару фарзандашро аз хона берун мебарорад. Сипас ӯ ба ҷойи кориаш баргашта, ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳад.

Манучеҳр
Сурат: VK.com

Тавре ки хабаргузории «УРА.РУ» менависад, дар Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Свердловск изҳор доштаанд, ки сӯхтор соати 9:38 сар зада, барои хомӯш кардани он 42 оташнишон ва 13 адад техникаи махсус сафарбар карда шудааст. Зану фарзандаш захмҳои сӯхта бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар расонаи «Екатеринбург. Новости» таъкид доштаанд, ки амалу рафтори мард имкон дод, ки ҳанӯз то омадани оатшнишонон одамон наҷот дода шаванд ва сӯхтор дар фурсати кӯтоҳтарин хомӯш карда шавад.

Ба Манучеҳр барои кумак ва шуҷоаташ мукофот додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.