Кормандони мақомоти пулиси Русия дар кори худ оид ба санҷиши макони будубоши муҳоҷирон “иқдоми нав”-и иловагӣ ҷорӣ намуданд.

Минбаъд рейдҳо барои ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо "огаҳсозии иловагӣ" дар бораи ӯҳдадории хидмати ҳарбӣ якҷоя гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни як рейди ахир дар анбори сабзавоти Софияи Санкт-Петербург нозирон чанд муҳоҷири қонуншиканро муайян карда, ҳамчунин беш аз 100 нафар аз зодагони кишварҳои хориҷиро, ки аллакай шаҳрвандии Русияро дарёфт карда буданд, ошкор намуданд.

"Қариб ҳамаи онҳо барои барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ба комиссариати ҳарбии ноҳия оварда шуданд", - шарҳ доданд ВКД.

Тибқи тағйирот ба қонунгузории амалкунанда, аз 1 январи соли 2024 шаҳрвандони синни аз 18 то 30-сола ба хидмати ҳарбӣ даъват карда шуда, муҳлати дар захираи эҳтиётӣ мондани онҳо ҳамчун уҳдадор ба хидмат 5 сол зиёд мешавад. Масалан, барои шаҳрвандоне, ки ба категорияи сеюм тааллуқ доранд, синни ҳадди ниҳоии даъват ба сафи артиш баъди эълони сафарбарӣ ё ҳолати ҳарбӣ аз 50 то 55-сола боло бурда мешавад.

Аз миёни қариб 400 шаҳрванди хориҷии барои қонуншикании муҳоҷират санҷидашуда, ҳар 7-умин нафар бо ҳуҷҷатҳо мушкилот доштанд, хабар медиҳад Фонтанка.ру.

Ҳомиёни ҳуқуқ таъкид карданд, ки кормандони пулис барои ба комиссариати ҳарбӣ овардани муҳоҷирон асос доштанд.

“Ҳамин ки муҳоҷир шаҳрвандии Русияро қабул кард, дигар муҳоҷир нест, балки шаҳрванди Русия аст. Дар моддаи 59-и Конститутсияи Россия гуфта мешавад, ки ҳар як шаҳрванд, агар аз рӯи синну сол ва саломатӣ ба хидмати ҳарбӣ коршоям бошад, бояд уҳдадориҳои худро оид ба ҳифзи ватан иҷро кунад. Дар ин ҳеҷ чизи ғайриқонунӣ ва ғайриодӣ нест", - гуфтааст ба хабаргузории РБК Владимир Старинский, раиси ҳайати мушовараи адвокатҳои «Старинский и партнеры».

Ҳамзамон ӯ зикр кардааст, ки аз болои ин амали кормандони пулис метавон шикоят бурд, аз ҷумла тибқи моддаи 286-и Кодекси ҷиноӣ (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ.

Коршиноси мустақил дар бахши муҳоҷират Вадим Коженов дар навбати худ изҳор доштааст, ки "ин ҷо чизе барои шикоят нест".

«Амали мақомоти пулис дар ин ҳолат комилан қонунист. Шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, на танҳо ҳуқуқ, балки ӯҳдадориҳо низ мегиранд, аз ҷумла худро ба қайди ҳарбӣ гузоштан», - гуфтааст Коженов.

Рейдҳо идома доранд

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи идомаи рейдҳо миёни муҳоҷирон огоҳиҳо нашр мешаванд.

"Дар давраи аз 14 то 21 август тариқи Хадамоти федералии муҳоҷират (ФМС) амалиёти "Муҳоҷир" гузаронида мешавад. Хоҳиш мекунам, ки паймонкорон (пудратчиён)-ро огоҳ кунед. Илова бар ин, ҳар касе, ки аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ коргарон доранд, муҳлати амали патент ва расид (чек)-и пардохти ҳармоҳаи онҳо, инчунин шартномаҳои меҳнатиашонро санҷанд”, - гуфта мешавад дар яке аз чатҳои масоили муҳоҷират дар WhatsApp.

Адвокат ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Шӯҳрат Қудратов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, рейдҳо бар асоси қарори Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ӯ нусхаашро худаш дидааст, гузаронида мешаванд.

“Рейдҳо 14 август оғоз гардида, то 27 август идома меёбанд. Мувофиқи ин санад, рейдҳо натанҳо дар кӯчаву ҷойи кор, балки дар макони зист низ баргузор мешаванд. Шумори иқоматдоштагон ва бо кадом асос дар ин ҷо зиндагӣ кардани онҳоро месанҷанд”, - гуфтааст Қудратов.

Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии чорабиниҳои фаврии пешгирикунанда муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад. Мақомоти пулис дар макони ҷамъшавӣ (тамаркуз), будубоши дастаҷамъӣ ва фаъолияти кории муҳоҷирон санҷиши оммавӣ мегузаронад. Дар рафти чорабинӣ суроғаҳои истиқомати воқеии шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуқуқи буду бош ва кор дар қаламрави Русия санҷида мешаванд.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар ин робита аз 15 август шумори муроҷиатҳо ба ҳомиёни ҳуқуқ 4 баробар зиёд шудааст.

“Онҳо шикоят мекунанд, ки ҳуҷҷат доранд, вале ба идораи пулис бурда мешаванд. Ҳангоми тафтиш муайян гардидааст, ки номи баъзе аз онҳо дар махзани маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ нест. Яъне, онҳо ҳамчун афроди бидуни сабтином зиндагӣ доранд. Онҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд," – шарҳ додааст адвокат.

Бино ба маълумоти расонаҳои Русия, фаъолияти мақомоти пулис дар мавриди баргузории рейдҳо нисбат ба муҳоҷирон қариб дар саросари кишвар густардадатар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.