Бино ба маълумоти ВКД Русия, дар нимсолаи аввали соли 2023 дар Русия 5,13 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қайди муҳоҷират гузошта шудаанд. Аз ин теъдод 1,28 млн нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, хабар медиҳад РБК.

Гуфта мешавад, аксарияти сокинони ҷумҳурӣ (963,49 ҳазор нафар) барои кор ба Русия мераванд. То охири нимсола 128,15 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и амалкунанда доштаанд. Нисбати 86,96 ҳазор нафар тоҷикистониён дар бораи додани шиносномаи Русия қарори мусбат қабул шудааст.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия 22,4 ҳазор ҷиноят содир намудаанд, ки 6,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Русия аз ҷониби мақомоти қудратии Русия дар макони умумии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ рейдҳо гузаронида шуда, то ҳол идома доранд.

Дар робита ба боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҷараёни ин рейдҳо, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро ба ин бархӯрди номуносиб изҳор намуд.

Инчунин, вазири корҳои дохилӣ, додситони кулл ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ таҳқиқи одилонаву холисонаи ин ҳодисаҳоро талаб карданд.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия ба РБК хабар додааст, ки аз 6 то 11 август бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории иборат аз намояндагони вазорату идораҳо бо мақсади шиносоӣ бо шароити будубош ва кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург, Уфа, Маскав ва Санкт-Петербург сафар кардаанд.

Дар дафтари матбуоти ВКХ Русия хабар додаанд, ки  намояндагони Тоҷикистон дар бораи сафари худ “расман ва саривақт комилан мутобиқи меъёрҳои таҷрибаи дипломатӣ” хабар доданд. Дар ВКХ зикр кардаанд, ки то ҷое, ки онҳо огаҳанд, аъзои гурӯҳи корӣ аз натиҷаҳои сафар қаноатмнад буда, вохӯрӣ ва суҳбатҳоро бо диаспора “хеле муфид ва пурмаҳсул” арзёбӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.