Муҳлати барҳамдиҳии ҶСП БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк, яке аз чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон 6 моҳи дигар, то моҳи марти соли 2024 тамдид карда шуд. Мудири барҳамдиҳандаи он, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида буд, низ иваз шудааст: ҳамакнун, ба ҷои Фирӯз Шарипов, Шодмон Холов масъули барҳамдиҳии бонки мазкур таъйин гардидааст. Дар ин бора аз Додгоҳи иқтисодии Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, мурофиа субҳи имрӯз, 5-уми сентябр, дар Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баргузор шуд ва додрас дархости Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи тамдид кардани муҳлати барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” барои 6 моҳи дигар - то марти соли 2024 қонеъ кард.

“Мурофиаи муфлисшавии “Тоҷпромбонк” дубора оғоз шуд. Қарори додгоҳ рӯзҳои наздик дар ВАО нашр мешавад”, - гуфт манбаи мо.

Тамдиди муҳлати барҳамадиҳии бонк ва ивази мудири муваққатро аз Бонки милллии Тоҷикистон ҳам ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

Ин мурофиаи дуввум барои бори дигар тамдид кардани муҳлати барҳамадиҳии бонк аст. Мурофиаи аввал, 29-уми августи соли равон баргузор шуда буд ва бидуни натиҷае ба рӯзи 5-уми сентябр гузаронида шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия ба сифати ду қарздиҳандаи “Тоҷпромбонк” барои барқарор намудани ҷараёни барҳамдиҳии ташкилоти мазкур ба мақомоти судӣ муроҷиат карда буданд.

Ҳоло “Тоҷпромбонк” аз Вазорати молия 76 млн сомонӣ ва аз Бонки миллии Тоҷикистон 26 млн сомонӣ қарздор аст. Инчунин, 26 млн 600 ҳазор сомонӣ уҳдадориҳои “Тоҷпромбонк” назди амонатгузорон низ боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7-уми август Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “дар асоси таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, баррасии парвандаи муфлисшавии “Тоҷпромбонк” аз 1-уми августи соли 2023 қатъ карда шудааст. Яъне, муҳлат тамдид карда нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Шарипов, мудири махсус ва барҳамдиҳандаи собиқи “Тоҷпромбонк” аз Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки  169 нафар то ҳол 26,6 млн сомонӣ маблағи худро гирифта натавонистаанд.

Дар робита ба ин, Фирдавс Толибзода, муовини якуми раиси Бонки миллӣ, ахиран дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки “Тоҷпромбонк” бояд уҳдадориҳои боқимондаашро дар назди қарздиҳандагон иҷро кунад.

Ба гуфтаи Толибзода, ташкилоти мазкур дороиҳоеро дар ихтиёр дорад, ки аз ҳисоби онҳо бояд маблағи саҳмгузоронро баргардонад.

Парвандаи муфлисшавии бонк ҳудуди 7 сол баррасӣ гардид (3-юми марти соли 2017 оғоз шуда буд) ва дар ин муддат 5 ҳазору 726 нафар беш аз 148 млн сомонӣ маблағи амонати худро аз бонк бозпас гирифта натавонистанд.

Раванди муфлисшавии “Тоҷпромбонк” моҳи марти соли 2017 бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд. Баъди ин, муҳлати барҳамдиҳӣ ду маротиба тамдид шуда буд. Қарори бозхонди иҷозатномаи бонк рӯзи 24-уми феврали соли 2017 аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон содир гардид.

Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 млн. сомонӣ арзёбӣ мешуд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раиси пешини “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро бо чаҳор банди Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, муҳлати асосии маҷбуран барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ 2 солро ташкил медиҳад. Агар ин муҳлат кофӣ набошад, тариқи муроҷиат ба суд, ҷараёни барҳамдиҳиро метавон боз 2 соли дигар тамдид намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.