Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо дастуру супоришҳои сарвари давлат ва бо дастгирии созмонҳои байнулмилалӣ ба ҳудуди 500 хонаводаи аз офати табиӣ осебдида дар охири моҳи август кумак расонид.

Бино ба иттилои Кумита, рӯзи 5 сентябр бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ/Бюрои кӯмаки башардӯстонаи USAID ба 400 хонаводаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Варзоб ва 63 хонавода дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ҳисор кумак расонида шуд.

Гуфта мешавад, рӯзи 6 сентябр кумакҳо ба 68 хонаводаи осебдида дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дода шуд.

Ба иттилои Кумита, кумакҳо аз  маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи ниёзи аввалия, кӯрпаву матрас,  бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об иборатанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки ҷараёни он таҳти назорати Кумита қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта Кумита дар ҳамдастӣ бо шарикони байнулмилалӣ ва супориши президент ба 446 хонаводаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат ва 90 хонаводаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сели рӯзҳои 27-28 август осеб диданд, кумак кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.