Аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ҳамагӣ дар се навоҳии он дӯкон ё ба истилоҳ “киёск”-и фурӯши рӯзномаю маҷалла мавҷуд будааст. Масъулин аз мушкилиҳои нигоҳдошти дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ шикоят доранду фурӯшандагони нашрияҳо аз муҳтавои хароби он. Монеаҳои фурӯши рӯзномаву маҷалла дар вилояти Суғдро “Азия-Плюс” ба баррасӣ кашид.
Рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо роҳи фурӯш паҳн мешаванд, тариқи ҶДММ “Тоҷикматбуот”-и вилояти Суғд ба дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳои шимоли кишвар тақсим карда мешаванд.
Искандаршоҳ Каримов, директори “Тоҷикматбуот”-и вилояти Суғд дар сӯҳбат ба мо гуфт, яке аз мушкилоти асосӣ – надоштани дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ аст: ба касе ҷойи дӯкон даркор шуд, онро “мегирад”.
Барои мисол ӯ аз “ғасб”-и чанд нуқтаи дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ ёд меорад ва бо нигаронӣ иброз медорад, ки дар шаҳри Хуҷанд аз 9 дӯкони рӯзномафурӯшӣ шашто боқӣ монд ва сетояшро “бардоштанд”.
“Дӯкони рӯномафурӯшии №9, ки дар паҳлӯи масҷиди Шайх Муслиҳиддини бозори Панҷшанбе ҷойгир буд, ҳар гоҳ меҳмоне ояд, масъулини ҳукумати вилояти Суғд тариқи “кран” мебардоштану ба ҷои чашмпанаҳ мебурданд ва баъди чанд рӯз боз оварда мемонданд”, - нақл мекунад Каримов.
Вай дар идома мегӯяд, “ҳар гоҳ дӯконро бардошта мебурданд, ҳафтаномаҳо кӯҳна шуда, сабаби кам ва дур шудани мизоҷони дӯкон мегашт”.
Ба гуфтаи ӯ, “корҳои васлу насби дӯкон ба зиммаи дӯкондор буд, кор душвор шуд, билохира, аз бардоштану монданҳо ӯ хаста шуда, корро бас кард. Чун ба ҷойи фоида зарари бештар дид”.
Искандаршоҳ Каримов инчунин аз тақдири дӯконҳои рӯзномафурӯшии №6-и назди қаҳвахонаи “Тоҷику турк”-и бозори Панҷанбе ва №5-и маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд нақл карда, гуфт, ки ҷои ин ду нуқтаи рӯзномафурӯшӣ ба соҳибкорон “даркор шуд” ва “гирифтанд”.
Ба гуфтаи Каримов, барои барқарор кардани як дӯкони рӯзномафурӯшӣ беш аз 10 ҳазор сомонӣ даркор аст, аммо буҷаи ҶДММ “Тоҷикматбуот” ин микдор маблағро намебардорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳри Хуҷанд маркази маъмурии вилояти Суғд аст ва қадамҷойи сайёҳону аҳли зиё ба ҳисоб меравад.
Суғдиёни рӯзноманахон?
Искандаршоҳ Каримов мегӯяд, вилояти Суғд 18 шаҳру ноҳия дорад, аммо ҷои ташвишовар ин аст, ки ғайри шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Исфара ду дӯкони рӯзномафурӯшӣ ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як дӯкони рӯзномафурӯшии “Тоҷикматбуот” фаъолият мекунаду бас.
Директори “Тоҷикматбуот”-и вилояти Суғд мегӯяд, дар назди бозори марказии ноҳияи Спитамен як дӯкони рӯзномафурӯшӣ фаъолият мекард, аммо бо баҳонаи сохтмони роҳи зеризаминӣ онро аз ҷояш бардоштанд.
“Он сохтмон кай ба охир мерасад ва оё баъди анҷом дӯкон дар ҷояш барқарор мешавад ё на, суол боқӣ мемонад”, - бо нигаронӣ иброз медорад Каримов.
Искандаршоҳ Каримов аз тақдири боз як дӯкони рӯзномафурӯшӣ дар даруни бозори “Фаровон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мисол меорад, ки "ҷояш ба кадом соҳибкор даркор шуд ва ӯ гирифт”.
Нигаронӣ аз муҳтавои хароби нашрияҳо
Ба қавли дӯкондорон, рӯз то рӯз сафи хонандаи матбуоти даврӣ бамаротиб кам ва савдои он касод мешавад. Як сабаби камхонанда гардидани рӯзномаву маҷаллаҳо агар набудани нуқтаҳои фурӯши он бошад, сабаби дигар муҳтавои хароби нашрияҳо мебошад.
Маҳмудҷон Ахмедов солҳо дар нуқтаи рӯзномафурӯшии №2-и паҳлуи бинои “Хесон”-и шаҳри Хуҷанд нашрия мефурӯшад.
Ӯ сабаби кам шудани хонандаро на дар дастрасӣ ба интернет, балки ба коста шудани мӯҳтавои рӯзномаю маҷаллаҳо, ба ҳамаи қишри аҳолӣ пешбинӣ нашудан ва тақрибан бо як забон нашр гардидани онҳо рабт медиҳад.
“Ду - се соли охир на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки сайёҳон ҳам эрод мегиранд, ки рӯзномаю маҷаллаи хубу хонданиро пайдо кардан мушкил аст”, - мегӯяд Маҳмудҷон Ахмедов.
Ин дӯкондор нақл мекунад, ки панҷ соли қабл дар як рӯз то 50 нашрия мефурӯхт, аммо имрӯз ин миқдор нашрияро дар як ҳафта ҳам фурӯхта наметавонад.
Кай мушкил аз байн меравад?
Ба гуфтаи коршинос, мушкил ҳамон вақт аз байн меравад, ки рӯзномаҳо ба талаботи ҷомеаи имрӯз мувофиқ гардад ва мардум онро ҳамчун идомаи шабакаҳои иҷтимоӣ қабул кунанд.
Каримбой Комилов, номзади илми филология, интиқоди рӯзномафурӯшро тасдиқ мекунад ва барои рафъи он роҳҳал пешниҳод менамоянд:
- тарҳу дизайни рӯзномаву маҷаллаҳои мудерн шавад;
- аудиторияи худро мушаххас кунад;
- кутоҳу муъҷаз матлаб пешниҳод намояд;
- аксҳои ҷолиб ва инфографикаро ҷой диҳанд;
- дигар унсурҳои шабакаҳои иҷтимоиро истифода шавад;
“Агар рӯзнома аз нуктаи назари фарогир будани мавзӯъҳо, пешниҳоди мавод, сохтори жанрӣ ва ороишӣ ба сатҳи шабакаҳои интернетӣ баробар нагардад, мушкили нахондани рӯзнома боқӣ мемонад”, – исрор дошт Комилов.
Номбурда мегӯяд, ки вақте рӯзномаву маҷалла ҷолиб шуд, хонанда аз ҳар ҷое набошад, онро дастрас мекунад ва мутолиа менамояд. Ҳамон тавре ки бо ҳар роҳ трафикаи интернет мехарад ва истифода мебарад.
Каримбой Комилов бар он ақида аст, ки дар ҳама давру замон рӯзнома хонандаи худро дорад ва он ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад. Ҳастанд нафароне, ки шароити иқтисодиашон имкон намедиҳад, вале ба ҳар роҳ онро ёфта, мехонанд.
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Шӯрои уламои Русия фатвои иҷозаи бисёрзаниро бозхонд кард
Даҳ варзишгари тоҷик ба сафи беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон шомил шуданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад. Ӯ бо Владимир Путин мулоқоти як ба як мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши Мусо”
Таътили зимистона дар мактабҳои Тоҷикистон як ҳафта давом мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста