Марказӣ миллии тестӣ (ММТ) барои довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо комёб гардиданд, лекин дар муҳлати муқарраршуда дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир шуда натавонистанд, боз як имконияти дигар дод. Дар ин бора сомонаи ММТ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, марказ бори чорум бақайдгирии довталабонро аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондааст, ба роҳ мемонад.
Бақайдгирии довталабони мазкур аз 4-ум то 7-уми октябр дар дафтари асосии ММТ ва бахшҳои минтақавии он, дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ба роҳ монда шудааст.
Довталабоне, ки як бор комёб шудаанд, бояд ба ММТ дар ин бора ариза пешниҳод намоянд.
“Иштирок дар тақсимоти навбатӣ супоридани имтиҳонро талаб намекунад, балки он дар асоси балҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи довталабоне, ки дар ин давра аз қайд мегузаранд, ба роҳ монда мешавад”, - таъкид кардааст ММТ.
Манбаъ меафзояд, довталабоне, ки дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд, аз ягон озмуни ММТ комёб нагардидаанд, дар ин давра роҳ дода намешаванд.
“Ҳолати дар муассисаи таълимӣ ҳозир шудан ё нашудани довталаби дар яке аз озмунҳо комёбгардида, ки ба марказ ариза додааст, аз рӯйи варақаи рӯйхати тақсимот, ки ин муассисаҳо бо имзоҳои довталабони дар онҳо ҳозиршуда ба марказ пешниҳод кардаанд, санҷида мешавад”, - омадааст дар хабар.
Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ тибқи иттилои ММТ, дар даври якум нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 53 дарсад иҷро шудааст.
Баъди ин, ММТ моҳи август давраи дуюми қабули довталабон ва дар моҳи сентябр давраи комилан нави қабули довталабонро ба роҳ монд. Дар даври сеюми имтиҳонҳои ММТ беш аз 8,7 ҳазор довталабон номнавис шуданд.
Роҳбарият ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад. Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро ғайримахфӣ карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оҳу дар тавила”
Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи январ: дар водиҳо гарму дар кӯҳҳо сард ва боришот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 январи соли 2025
Аз “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷирон то кушторҳои пурасрор дар Конибодом. 15 маводи серхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2024
Соли нави 2025 муборак, ҳамдиёрони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста