Дар ҳамаи 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшту сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории пойтахт Абдусалом Нозимов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки дар ҳамдастӣ бо сохторҳои марбутаи кишвар баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ярмаркаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ярмаркаҳо, ки аз 21 то 31 декабр баргузор мешаванд, сокинони пойтахт метавонанд маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, аз ҷумла биринҷу гӯшт, картошкаву пиёз, равған ва дигар ғизои заруриро бо нархи нистбатан арзон харидорӣ намоянд.
Ярмаркаҳо дар бозори “Меҳргон”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони назди бозори “Қарияи Боло” дар ноҳияи Сино, дар буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шоҳмансур ва дар паҳлӯи бозори “Саховат” дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешаванд.