Ҳамасола шаби 21 ба 22-юми декабр шаби Ялдо ҷашн гирифта мешавад. Ин шабест дарозтарин ва пас аз ин рӯзҳо дарозтару шабҳо кӯтоҳтар мешаванд. Шаби Ялдо ба таври васеъ дар Эрон ва қисман дар Афғонистон таҷлил мегардад. Дар Тоҷикистон Ялдоро чӣ гуна истиқбол мегиранд?

Ҳарчанд шаби Ялдо дар Тоҷикистон ба таври оммавӣ таҷлил намегардад, аммо аз ҷониби доираҳои мушаххаси фарҳангиён ҳамасола бо қироати шеър, қиссагӯӣ, бозӣ, мусиқӣ ва тақдими тӯҳфаҳо ҷашн гирифта мешавад.

Ба қавли ҷашнгирандагони ин шаб, фарҳангиён аз фурсати мувофиқ истифода мекунанду суфра меороянд ва даври ҳам ҷамъ мешаванд.

“Ялдо ҳамон шаби Чиллаи мост”

Шоираи Раҳимҷон, яке аз нафаронест, ки чанд сол ин ҷониб шаби Ялдоро дар доираи дӯстони фарҳангии худ дар Душанбе таҷлил мекунад. Ба қавли Шоираи Раҳимҷон, дуруст аст, ки Ялдо дар Эрон ба таври васеъ ва бошаҳомат ҷашн гирифта мешавад, вале дар Тоҷикистон ҳам он роиҷ будааст.

“Шаби Ялдо ҳамон шаби Чилла аст. Калонтарҳои мо ҳамеша Чилларо интизор мешуданд ва дар ин шаб чилланишинӣ мекарданд. Яъне, агарчи шаби Ялдо дар кишвари мо ба таври оммавӣ таҷлил нагаштааст, вале касони огоҳу фаҳмида аз ин шаб, бо номи Чилла истиқбол мегирифтанд ва шабзиндадорӣ мекардаанд”, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Шоира меафзояд, ҳарчанд худаш аз ин шаб бо номи Чилла огоҳӣ дошт, вале пас аз камол ёфтан ва аз фарҳанги ниёгон огаҳӣ пайдо кардан, Ялдо барояш азизтар шудааст.

Шоираи Раҳимҷон
Акс аз саҳифаи фейсбук

Шаби баракату покизагиву рӯшаноӣ

Шоираи Раҳимҷон мегӯяд, ҳар сол як гурӯҳ фарҳангиёни кишвар бо ин баҳона гирди ҳам ҷамъ меоянду шеърхониву таронасароӣ мекунанд ва ин шабро пос медоранд.

“Дар ин шаб шоирону нависандагон, ҳофизону навозандагон, рӯзноманигорону ҳунармандон гирди як хон ҷамъ меоем, аз осори Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Ҷомӣ, Мавлонову Соиби Табрезӣ шеърҳо қироат мекунем, сурудҳо мехонем ва аз фарҳанги ниёгони худ ёд меорем”, - мегӯяд ӯ.

Номбурда меафзояд, ки рӯи хони моро чун рамзи Ялдо - рамзи баракату покизагиву рӯшноӣ - анор, себ, ангур, тарбуз ва ҳар чи ки ранги сурх дорад, ҳамранги шафақ ва тулӯи Хуршед аст, оро медиҳад.

Ин шаб тӯлонитарин шаби фасли сардиҳост ва аз ин ба баъд, рӯзҳо дарозтару тобиши Офтоб бештар мегардад. Шоира мегӯяд, мо бо ҷашни Ялдо ояндаи равшанро умедвор мешавем ва таманнои баракату покизагӣ мекунем.

“Дар ҳама давру замон касони огоҳу фаҳмида дар ин шаб шабзиндадорӣ мекарданду шабро ба самар истифода менамуданд. Ҳоло ҳам шаби Ялдо фурсати хубест то ба дидори ҳам расем ва фарҳанги хешро пос дорем”, - иброз медорад Шоираи Раҳимҷон.

Ялдо бояд бо шукӯҳ таҷлил шавад

Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигори тоҷик, яке аз нафарони дигарест, ки чанд сол ин ҷониб шаби Ялдоро дар доираи дӯстони фарҳангии худ таҷлил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд, ки шаби ҷашн дар хонаи яке аз дӯстон ҷамъ омада, бо риояи ойини ниёгон ва оростани дастархон шаби Ялдоро истиқбол мекунанд.

“Вақте мо хурд будем, дар манотиқе, ки зиндагӣ доштем, ин ҷашн таҷлил карда мешуд. Он ҳам дар оилаҳое таҷлил карда мешуд, ки ба давлатҳои ҳамзабон сафар карда, баргашта буданд”, - ба ёд меорад Шаҳноз.

Шаҳноз Комилзода
Акс аз саҳифаи фейсбук

Ин рӯзноманигор меафзояд, “ман ҳам дар чунин нишастҳои идона иштирок мекардам ва аз сӯҳбатҳои калонсолон фаҳмидам, ки ин чӣ ҷашн аст ва чӣ хусусиятҳои қадимаи фарҳангӣ дорад. Ин дар афкору андешаҳои ман чун рамзи некӣ ҷои хосса пайдо кард. Акнун чандин сол мешавад, ки дар доираи дӯстони фарҳангиям шаби Ялдоро ҷашн мегирам”.

Комилзода мегӯяд, ки дар кишварҳои ҳамзабони мо шаби Ялдо ҳамсони Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад ва кунун ин рӯзноманигори тоҷик умед дорад, дар Тоҷикистон ҳам дар чандсолаи баъдӣ таҷлили ҷашни шаби Ялдо роиҷ мегардад ва на танҳо аҳли фарҳанги кишвар, балки оммаи мардум онро ҷашн мегиранд.

“Шаби Ялдо чун яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ бояд дар кишвари мо ҳам оммавӣ карда шавад. Ин шаб рамзи покизагиву баракат аст ва афкори некро пайдо мекунонад”, - иброз медорад рӯзноманигори тоҷик.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд шаби Ялдо дар Тоҷикистон ҳоло оммавӣ нашудааст, вале дар арафаи ин ҷашн расонаҳои алоҳидаи кишвар перомуни ин шаб барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва мақолаҳои таърихиву пажӯҳишӣ омода ва интишор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Ялдо ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.