Корномаи ҳунарии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев боиси ифтихор аст. Беш аз 50 нақш дар театр, наздики 30 нақш дар кино, саҳмгузорӣ дар дубляжи зиёда аз 200 филм, хониши чандин китоб тариқи радио ва ҳифзи он дар хазинаи тиллоӣ. Ин ҳама заҳматҳои ӯ мисли нақшҳои маҳбубаш мондагоранд.
Муҳаммадҷон Шодиев имрӯз, 5-уми январ, 70-сола шуд. Ба ин муносибат мо бо ӯ доир ба умри рафта, нақши волидон, кор дар театру синамо, рисолати театр ва китоб суҳбат кардем.
Кори дӯстдошта
- Имрӯз пайи кадом корҳоед?
- Мегӯянд аҳли эҷоду ҳунар бо гузашти умр ҳам бекор буда наметавонанд. Ман ҳам ба корҳои театр ва донишкада машғулам.
- Оё барои шумо фазои театр созгор аст?
- Созгор ҳаст ё нест, ман дилбохтаи театр ҳастам ва кор мекунам. Чӣ тавр аз коре, ки 40 соли ҳаётамро бахшидаам, даст мекашам ё дил меканам?
- Кор кардан дар ин син мушкил нест?
- Ман баръакс мепиндорам, синнам мувофиқ аст. Нақшҳои иҷро накарда хеле зиёданд, ки бо фароҳам омадани шароит бозӣ хоҳам кард.
- 70-солагиатонро чӣ гуна қабул мекунед ва ин зодрӯз аз зодрӯзҳои қаблиатон чӣ фарқ дорад?
- 70-сола шуда бошам ҳам, ҳанӯз ба кори дӯстдоштаам машғулам, ки барои ин шукр мекунам. Ин зодрӯз аз зодрӯзҳои қаблӣ бо рақам фарқ мекунад, дигар ҳеҷ.
- Ба 70 расидан барои шумо чӣ маъно дорад?
- Вақт интизор намешавад. Кори имрӯзаро ба фардо набояд гузошт. Имрӯз, ки ҳастем, бояд ба кори дӯстдоштаамон машғул шавем ва то қадри имкон рисолати касбию инсониамонро анҷом диҳем.
Номи нек
- Волидонатон чӣ касбу кор доштанд?
- Падарам дар завод меҳнат мекарданд. Модарам бошад, зани хонашин буданд.
- Аз модаратон чӣ хотироте доред?
- Модарам, (рӯҳашон шод бод) ҳар гоҳе нон мепухтанд, ҳатман бароям якчанд кулчаи равғанӣ омода мекарданд. Онҳоро бо об тар карда, хӯрдан хеле гуворо буд.
- Нақши волидон дар ба камол расидану ҳунарманд шудани шумо чӣ гуна аст?
- Ҳар чизи хубе, ки дар ман ҳаст, мерос аз волидонам гирифтаам. Ҳам дар ҳунар ва ҳам дар зиндагӣ.
- Ба фарзандонатон чӣ мондан мехоҳед?
- Номи неку зиндагии ибратомӯз.
Театру синамо ва ҳунар
- Чӣ гуна тасмим гирифтед, ки бояд ҳунарманд шавед ва оё дар интихоби касб дудилагӣ надоштед?
- Бале, интихоби касб барои мо кори мушкил буд. Пешакӣ тайёр мешудем, мехондем, маслиҳат мегирифтем, роҳнамоҳҳоро гӯш мекардем. Қадами аввал ё сабаби аввал ин буд, ки вақти мактабхонӣ муаллимон, хусусан омӯзгори адабиёт, барои сухандону суханвар шуданамон нақши калидӣ доштанд. Мо хондану гуфтанро аз онҳо омӯхтем. Дуюм, гуфторҳои радиоӣ гӯш мекардем, ки барои суханварӣ кумак мекард. Сеюм, ба киноҳои колхоз мерафтем ва баробари ҳунармандон худамонро дар филмҳо тасаввур менамудем. Фикр мекунам, ки ин омилҳо ва роҳнамоиҳои волидон буд, ки шавқу завқи банда ба соҳаи актёрӣ зиёд шуд.
Аммо қиссаи интихоби касби ман ҳам хеле печдарпеч аст. Пас аз хатми мактаб ба факултаи шарқшиносӣ ҳуҷҷат супурдам, ки бо се баҳои “4” муваффақ нашудам. Ба деҳа барнагаштам ва ба курси яксолаи коркуни комсомол шомил гардида, барои актёр шудан омодагӣ дидам. Соли оянда ба шуъбаи актёрӣ шомил шудам ва баъд фаҳмидам, ки интихоби дуруст кардаам.
- Шумо соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардед. То ҷое медонем, курси шуморо махсус барои Театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова омода карда буданд ва пас аз хатм он ҷо рафтед. Бигӯед, ки коратон дар театри музофотӣ чӣ гуна буд ва чӣ хел шуд, ки ба Душанбе омадед?
- Он замон давраи хуби кории банда буд. Саркоргарони театр Ориф Козим-ӯғлӣ аз Озорбойҷон буд. Ӯ чанд намоише, ки дар театр монд, нақшҳои асосиро ба ман медод.
- Модоме ки коратон хуб буд чаро ба Душанбе омадед?
Справка по теме
Муҳаммадҷон Шодиев 5 январи 1954 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро дар театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Т.Фозилова оғоз карда, соли 1984 бо даъвати роҳбарияти ҳамонвақтаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омадааст. Дар театр беш аз 50 нақш ва кино 30 нақш офаридааст. Дар дубляжи зиёда аз 200 филм, хониши чандин китоб тариқи радио ва ҳифзи он дар хазинаи тиллоӣ саҳм гузоштааст. Машҳуртарин нақши ӯ Нозимӣ дар филми “Дар орзуи падар” аст. Ҳунарманди мадумии Тоҷикистон ва барандаи медали “Барои хидмати шоиста” мебошад. Оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст.
- Ориф Козим-ӯғлӣ ҳамдарси Хушназар Майбалиевич - саркоргардони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд. Боре коргардони мо аз Хушназар Майбалиевич хоҳиш кард, ки дар театрамон намоише ба саҳна гузорад. Хушназар Майбалиевич намоиши “Ин майдон, ин шайтон...” - ро гузоштанд, ки хуб қабул шуд. Пас аз намоиш пурсиданд, ки мехоҳӣ ба театри мо ба кор гузарӣ. Чун орзуи ман буд, қабул кардам ва соли 1984 ба Душанбе омадам.
- Па аз ба Душанбе омадан пушаймон нашудед?
- Не, баръакс, ҳисси ифтихор доштам, ки маро ба театри академӣ даъват карданд ва ҳамакнун бо ҳунармандони номдори ҷумҳурӣ фаъолият мекунам.
- Шумо расо 40 сол мешавад, ки дар театри Лоҳутӣ кор мекунед. 40 сол дар як ҷо кор кардан чӣ хубиву чӣ бадӣ дорад?
- Дар театри Лоҳутӣ беҳтарин ҳунармандон ҷамъ омадаанд. Бо чунинҳо кор кардан мояи ифтихор аст.
- Дар театр нақшҳои зиёд офаридед. Бигӯед, ки кадомаш ба дилатон наздиктару кадомаш нохӯшоянд буд?
- Ҳамаи нақшҳои иҷрокардаам бароям азиз ҳастанд. Ман барои иҷрои ҳамаашон шабҳои бедорхобӣ кашидаам ва ҳеҷ кадомашро ба қавле бад намебинам.
- Таъсири як нақш ва як асар дар хотираи ҳунарманд то чанд вақт боқӣ мемонад?
- Ин вобаста аст ба он ки барои як нақш чӣ қадар меҳнат мекунӣ ва онро чӣ гуна ба худ наздик қабул менамоӣ. Барои мисол, дар вақти таҳияи “Дар орзуи падар” ва “Маҳдӣ” мо мушкилоти зиёд доштем, ки фикр мекунам, ҳеҷ гоҳ аз хотир намеравад.
- Шумо дар синамо ҳам фаъол ҳастед, нақши киноро дар фаъолиятатон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Новобаста ба он ки умри мо дар саҳнаи театр сипарӣ шуд, вале ба он назар ҳастем, ки дар муаррифии банда синамо нақши калидӣ дорад. Нақшҳои Анор аз “Парвози занбӯр”- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз “Муҳоҷир”- и Собит Ал-Валӣ, директори мактаб аз “Маҳдӣ”, устод аз “Шамсиддини Шоҳин”, Озар аз “Муҳити 44-46”, сибиқ ҷанговар аз “Доғ”, падар аз “12 соли интизорӣ”, Нозимӣ аз силсилафилми “Дар орзуи падар” аз зумраи офаридаҳои синамоии мо ҳастанд. Бояд ёдовар шавам, ки нақши директори мактаб аз силсилафилми “Маҳдӣ”, рафиқи Ҷӯра аз силсилафилми “Ҷӯра – шикорчӣ аз Мин – Ар-хар”, Саъдӣ аз филми “Гулистон”-и Саъдӣ ва Нозимӣ аз силсилафилми “Дар орзуи падар” на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон Афғонистону Эрон низ гарм истиқбол шудаанд.
- “Дар орзуи падар” аз ҷумлаи дӯстдоштатарин силсилафилми ҳамватанони мо дар аввали солҳои дуҳазорум буд. Чаро мо дигар чунин филмҳо надорем?
- Агарчи пештар ман бо иҷрои нақшҳои гуногун дар театру синамо шинохта шуда будам, вале дар ҳақиқат силсилафилми “Дар орзуи падар” маро миёни мардум зиёдтар муаррифӣ кард. Он аз рӯзгори пурмоҷаро сохта шуда буд, ки бархеҳо ҳодисаҳои барояшон шиносро медиданд ва ба ҳамин хотир такрор ба такрор тамошо мекарданд.
- Шумо аз ҷумлаи ҳунармандоне ҳастед, ки дар баробари ҳунари актёрӣ, боз ҳунари суханварӣ ҳам доред. Бигӯед, ки чӣ гуна ин ҳунарро дар худ кашф кардед ва оё ба таври зарурӣ аз он истифода шудааст?
- Дар синфи нуҳум мехондам, ки дар ноҳияамон бахшида ба 100-солагии В.И.Ленин озмуни ровиҳо барпо шуд. Аз мактаб маро равон карданд ва ман шеъри “Ленин падари мо”-ро қироат кардам. Аз ҳамон вақт фаҳмидам, ки дар оянда новобаста ба касбам, як паҳлуи корам ин ҳунар хоҳад буд ва шукр ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳамчунин, замони донишҷӯӣ ду маротиба дар озмуни байналмилалии ровиён, ки дар шаҳри Маскав доир гашт, иштирок карда соҳиби диплом шудам.
- Ҳоло овозатонро чӣ гуна истифода мекунед, оё барои китобхонӣ, қироъат, дубляж ва ғайраҳо меравед?
- Албатта, ин овоз ё ҳунар дар хизмати мардум аст.
Агар нагӯем...
- Имрӯз зиндагиро пеш бурдан душвор нест?
- Душвор аст, аммо бояд зиндагӣ кард, дигар роҳе вуҷуд надорад.
- Ҳунар ба шумо чӣ дод?
- Эҳтиром. Ин ҷо сухани падарамро ба ёд меорам, ки гуфта буданд: “Одам бояд инсоне шавад, ки баробари ворид шудан ба меҳмонхонае, ки сад нафар нишастааст, ҳадди ақал ба хотири эҳтиромаш панҷоҳ нафарашон беихтиёр аз ҷой бархезанд”.
- Аз оне ки умратонро сарфи ин пеша кардед кадом ҳис шуморо фаро мегирад?
- Албатта, ифтихор мекунам.
- Дар тӯли фаъолияти кориатон шуд ҳолате, ки дигар корро давом додан нахоста бошед?
- Не, чунин ҳолат нашудааст. Агар мешуд, ҳамон вақт ин пешаро тарк мекардам. Аммо бо боварӣ мегӯям, ки ин касбро ман дӯст медорам ва фикру кори дигаре надорам.
- Барои ҳунарманд чӣ муҳим аст: озодӣ, пулдорӣ, унвонҳои зиёд ё шуҳрату маҳбубият?
- Инҳое, ки гуфтед ҳамаашон лозим ва муҳиманд, вале аз ҳама муҳимтар озодӣ аст.
- Аз ҷавонон, ки дар театру синамо фаъоланд, чӣ умед доред?
- Ҳамеша бовар дорем, зеро замоне устодон ба мо бовар карданд. Боварӣ ва эътимод ба ҳар инсон нерӯ медиҳад. Ман ҳоло дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода фаъолият мекунам ва мебинам, ки бачаҳо ба такмили истеъдоди худ ниёз доранду то қадри имкон кӯшиш карда истодаанд.
- Рисолати театру ҳунармандро имрӯз дар чӣ мебинед?
- Рисолати театру ҳунарманд ҳамеша як аст: тарбия кардани ҷомеа.
- Баҳои шумо ба маънавиёти ҷомеа чанд аст?
- Қаноатбахш. Таъриф ҳам накунем, набояд накӯҳиш намоем, зеро рӯз аз рӯз ҳолат беҳтар мешавад.
- Вазифа ва ҳунар бо ҳам созиш карда метавонанд?
- Фикр мекунам, ки ин ду калима бо ҳам унс гирифта наметавонанд. Бояд ҳунарманд озод бошад ва фикри тақвияти ҳунарашро кунад.
- Ба мардуми мо, махсусан ба ҷавононамон чӣ намерасад?
- Масъулият. Ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамаи ҷавононро дар назар надорам, вале бояд бархеҳо дар баробари ғамхориву дастгириҳои давлату ҳукумат ва оила масъулият ҳис кунанд. Омӯзанд, касбҳои навро аз худ кунанд ва роҳи худро муайян созанд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Достони аҳли зарвон”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2025
Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ мекунанд
Идомаи тағйироти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру ноҳия ва ду кумита дигар шуданд
Вазорати тандурустӣ гуфт, “Мета Пневмовирус” дар Тоҷикистон сабт нашудааст
Сафар ба Амрико, пули зиёд, бахти сафед ба духтарон… Сокинон аз соли 2025 чӣ интизоранд?
Дар Тоҷикистон назорати вазн ва андозаи мошинҳои боркаш пурзӯр шуд
Беш аз 39 млн рубли муҳоҷиронро баргардониданд. Намояндагии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, шартномаи меҳнатӣ банданд
Аз 1 январ иҷораи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон гарон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Овози тӯлаи сагҳо дар шиками модар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста