Дар қишлоқҳои гирду атрофи шаҳр, ки аз лиҳози қонунӣ ба қаламрави Душанбе дохил шуданд, муҳлати нигаҳдории чорвои хонагӣ ба охир расид. Акнун сокинони маҳаллаҳои нави пойтахт бояд дар ҳавлиҳояшон дигар гову мурғ нигоҳ надоранд. Лекин ба ивази ин мақомот ба сокинон ҷойҳои корӣ бо маоши шоиста барои иқомат дар шаҳр пешниҳод накарданд ва аз ҳама муҳимаш, зерсохтори шаҳрӣ бо биноҳои истиқоматии муосир ва иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бунёд нашуд.

Дар чунин шароит ягона сарчашмаи даромади сокинони ин деҳаҳо хоҷагиҳои ёрирасонашон буд.

Дар шаҳри навъи деҳа

Кормандони мақомоти маҳаллӣ ба хонаи Абдурашид дар деҳаи Пахтакор, ки каме дуртар аз Гипрозем воқеъ аст, ташриф овардаанд.

— Муҳтарам, мо назди шумо омадем, — гуфт калонсолтарини онҳо ва ба ҳавлӣ нигоҳ карда, ба мурғхона чашм дӯхт. — Чанд бор огоҳ карда будем, чаро то ҳол мурғ нигоҳ медоред... Говатон куҷост? Онро фурӯхтед ё не?

- Говро фурӯхтам, ҳоло ҳар саҳар барои шир ба Душанбе меравам. Аммо барои мурғҳо то ҳол харидоре нест. Дар бозор ҳеҷ кас онҳоро намегирад. Шумо ҳамаро тарсондед, акнун мардум намехоҳанд онҳоро харанд.

Гӯсфандонро ба деҳаҳои дурдаст назди хешовандон фиристоданд
Сурат: Asia-Plus

Корманди мақомот норозиёна ба Абдурашид нигоҳ кард. Сукут чанд сония давом карда, онро зани соҳиби хона халалдор кард.

- Аз пушти шумо ҳоло гов надорам. Ба фарзандонам шумо шир ёфта медиҳед?

- Шумо зидди қарори ҳукумат ҳастед? — гуфт ба вай корманди дигари мақомот. - Мо бо шумо бо меҳрубонӣ муомила дорем, шумо бошед, дағалӣ мекунед, ин хуб нест бону. Шумо акнун сокини шаҳр ҳастед. Шумо бояд бе боғ, мурғ, саг, ҳар гуна гову хар зиндагӣ кунед. Ин фармон аз боло аст.

Абдурашид ҳам тоқат накард:


- Ҳоло шаҳр нест. Ин ҷо қишлоқ аст. Вақте ки зерсохтори шаҳр бунёд карданд, баъд мурғу чорворо берун мекунем. Шумо ба боло гӯед, ки дар бораи мо фикр кунанд. Мо чӣ гуна бе хоҷагии ёрирасон зиндагӣ кунем? Қариб ҳамаи сокинони деҳот аз ҳисоби полиз ва чорвои хонагии худ рӯзгорро пеш мебаранд.

Масъулин ба ин гапҳо гӯш надода, таҳдид карданд, ки агар супориши ҳукумати пойтахтро иҷро накунанд, ба маблағи зиёд ҷарима мешаванд.


Яке аз онҳо ҷузвдонро кушода, як варақаро берун овард ва соҳиби хонаро маҷбур кард, ки онро пур кунад. Мазмуни баёнот чунин буд:

“Ман (ному насаб), истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ дар он хусус забонхат медиҳам, ки вобаста ба қарори раиси шаҳри Душанбе №83 аз 24 декабри соли 2021 “Дар бораи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе” нисбати ман Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 480 иловаи 1 КҲМ ҶТ тартиб дода шуд.


Ман огоҳонида шудам, ки дар муҳлати 7 (ҳафт) шабонарӯз аз нигоҳдории ҳайвонҳои хонагӣ даст кашам. Дар сурати даст накашидан, нисбати ман ҷазои иловагӣ татбиқ намоед”.

Пас аз додани чунин забонхат Абдурашид ҳамаи мурғҳояшро ба бозори ноҳияи Рӯдакӣ бурда, бо нархи арзон фурӯхт.


Акнун ӯ метавонад фахр кунад, ки сокини шаҳр шудааст - барои ширу тухм ба Душанбе меравад, аз нақлиёти ҷамъиятии №45 истифода мебарад, ҳарчанд обро аз ҷӯйбор гирифта, дар ҳавлӣ барои ҳоҷтатхона чуқурӣ меканад.

Ба наздикӣ пулҳо тамом мешаванд, барои кӯдакон дигар на шир мешаваду на тухм. Танҳо як роҳ мемонад - барои пулкоркунӣ рафтан, лекин Абдурашид намехоҳад, ки сафар кунад.

"Чӣ қадар солҳоро дар муҳоҷират, дур аз оилаам гузаронидам. Хуллас, безор шудаам аз он ҷо ва соли гузашта ба хона баргаштам. Дигар нияти ба Русия рафтан надоштам, зеро медонед, дар онҷо ҳам осон нест, аммо агар лозим шавад, маҷбур мешавед...”, - изҳор медорад ӯ..

Моддаи 480 (1). Парвариш ва нигоҳдории ғайриқонунии ҳайвонот ва паррандаҳои хонагӣ дар ҳудуди  марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Барои ғайриқонуни дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории ҷорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 10 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. 2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда   пешбинишуда, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 то 50 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (Қ ҶТ аз 5.10.09с №550)  Ёдрас мекунем, ки 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба  72 сомонӣ баробар аст.

Шаҳриёни навро кӣ аз гуруснагӣ наҷот медиҳад?

Дар деҳоте, ки соли 2021 ба Душанбе пайвастаанд, даҳҳо ҳазор нафар ба мисли Абдурашид ҳастанд. Қисме аз аҳолӣ аллакай тамоми чорвои худро фурӯхта, баъзеҳо то ҳол нигоҳ медоранд ва умедворанд, ки мақомот боз то муддате барои нигоҳ доштани ҳайвоноти хонагӣ иҷоза медиҳанд.

Сокинони як қатор деҳаҳо аллакай ба мақомоти иҷроияи пойтахт муроҷиат кардаанд.


"Барои бунёди зерсохтори шаҳрӣ дар маҳаллаҳои нави деҳот вақти зиёд лозим мешавад. Аз ин рӯ, мақомот метавонистанд муҳлати манъи нигоҳдории чорворо барои боз чанд соли дигар дароз кунанд,” - изҳори умедворӣ мекунад яке аз сокинони деҳаи Пахтакор.

Мақомоти Душанбе дар соли 2021 “барои таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти гӯшту ширӣ, инчунин мӯътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия”, ба нигоҳдории чорвои калони шохдор, гӯсфанд, паранда ва дигар ҳайвонот ба муҳлати то ду сол иҷоза доданд.

То охири соли 2023 муҳлат дода шуда буд. Акнун сокинони нави пойтахт дар фикри онанд, ки минбаъд чӣ гуна зиндагӣ ва оилаи худро бо маводи хӯрокворӣ таъмин мекунанд.

Аз як тараф, мақомот аз аҳолӣ талаб мекунанд, ки барои ду сол маводи ғизоӣ захира кунанд, аз ҷониби дигар бошад, онҳоро маҷбур мекунанд, ки ин захираҳоро нобуд созанд.

"Акнун захираи гӯшту шир ва тухми мо тамом мешавад. Ва мо намедонем, ки минбаъд барои захира кардани ғизо чӣ кор кунем. Барои ҳамарӯза харидани он пул намерасад”, - мегӯяд Абдурашид.

Дар оилаи ӯ, ки чаҳор фарзанд ба воя мерасанд, харҷи шабонарӯзии ширу гӯшту тухм, нон ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия на камтар аз 50 сомониро ташкил медиҳад. Ин маҳсулотро ӯ аз хоҷагии ёрирасони худ мегирифт.

Ғайр аз ин, пас аз ба Душанбе ҳамроҳ шудани ин қаламравҳо, андози замин ҳам аз 463,10 сомонӣ то 1288,61 сомонӣ боло рафт. Ин ҳам як харҷи зиёд барои сокинони деҳот аст. Ин ҷамоатҳо пештар дар тавозуни ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштанд.

Говхонаи холӣ

Хулоса, шаҳриёни нав аз вазъияти имрӯза хеле дар ташвишанд. Онҳо мегӯянд, ки барои сохтани биноҳои баландошёна, қубурҳои обрасон ва таъмири роҳҳо вақту маблағи зиёд лозим аст. Ба таври истисно, мақомот метавонистанд ба онҳо чанд соли дигар мӯҳлат диҳанд, то ки онҳо тарзи зиндагии дар тӯли садсолаҳо ташаккулёфтаи деҳотро тағйир диҳанд.

Маълум нест, ки посухи шаҳрдорӣ ба дархости онҳо чӣ гуна мешавад. Қаҳрамони мо бошад ба сенарияи бад омодагӣ мегирад - ба эҳтимоли зиёд ба ӯ лозим меояд, ки хона ва кишвари худро тарк кунад.

Дар Қарори ҳукумат “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе”аз соли 2017, зикр гардида буд, ки қаламрави пойтахт то соли 2025 ба масоҳати 18 ҳазор гектар, то соли 2040 - 25 ҳазор гектар ва пас аз соли 20240 - 30 ҳазор гектар васеъ карда мешавад.

Соли 2021 ба Душанбе аз қаламрави ҷамоати Русия - 9 маҳаллаи аҳолинишин, Чимтеппа - 12, Сарикиштӣ -- 8 деҳа пурра ва 5 деҳа қисман, инчунин Чоряккорон - 2 деҳа пурра ва 6 деҳаи қисман, Гулистон - 5 деҳа пурра ва 1 деҳа қисман, Чортеппа - 2 деҳа пурра ва 2 деҳа қисман ва шаҳраки Навобод - 2 гектар замин ҳамроҳ карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.