Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ваъда кардааст, ки барои кормандоне, ки дар соли 2024 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мекунанд, аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ мукофот медиҳад. Дар ин бора Талабшо Иҳромов, сухангӯи ДМТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯзи пеш бо пешниҳоди Эмомалӣ Насриддинзода, ректори ДМТ ва қабули Шӯрои олимони донишгоҳ ин ташаббус роҳандозӣ шуд.
“Акнун то охири сол барои устодони донишгоҳ, ки рисолаи номзадӣ дифоъ мекунанд, 20 ҳазор сомонӣ ва барои барои устодони донишгоҳ, ки рисолаи докторӣ дифоъ мекунанд, 30 ҳазор сомонӣ дода мешавад”, - гуфт Иҳромов.
Сухангӯи ДМТ афзуд, маблағҳо дар охири соли 2024 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ба устодон тақдим карда мешавад.
Тавре ӯ гуфт, ин ташаббус дар пайи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» роҳандозӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои афзоиши теъдоди устодони дорои дараҷаи илмӣ, пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ, барои номзади илм аз 3 ҳазор то 10 ҳазор сомонӣ ва барои доктори илм аз 10 ҳазор то 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти оморӣ теъдоди унвондорони илмӣ дар Тоҷикистон беш 5 ҳазору 300 нафарро ташкил медиҳад.
94% марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд. Баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар боз мешавад?
Ҷустуҷӯи ҷасади Рӯзигули 13-сола баъди 8 моҳи ғарқшавияш. Масъулин сабаби таъхири кофтуковро шарҳ доданд
Дар шаҳрдории пойтахт чӣ гуна мехоҳанд мушкили ифлосшавии кӯчаҳоро бартараф кунанд?
Вазири маориф: “Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”
“Ҳама иншооти сайёҳиро месанҷанд”. Нигаронии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз кам будани шаркатҳои сайёҳӣ
Раҳим Саидзода: Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад
Киҳо аз ҳама зиёдтар аз истифодаи барқ қарздоранд?
Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фаросати Луқмон”
Агентӣ: Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста