Имрӯз, 20-уми май як гурӯҳ аҳли зиё ва ҳаводорони шеъру ғазал дар канори оромгоҳи Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар оромгоҳи "Лучоб" мавлуди ин ду шоири шинохтаи ҳавзаи адабии форсу тоҷикро таҷлил карданд. Дар маҳфили адабӣ пешниҳод гардид, ки 20-уми май ҳамчун “Рӯзи шеъри тоҷик” эълон ва ҳамасола ҷашн гирифта шавад.

Ин ҷо натанҳо перомуни зиндагиномаи ин ду шоири саршинос ҳарф заданд, балки аз мақоми баланди онон дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ гуфтанд.

Дар чорабинӣ аз нақши боризи Муъмин Қаноат дар тарбияи насли нави шоирони тоҷик, ба хусус Лоиқ Шералӣ ҳарф заданд ва гуфтанд, ки “Қаноат гавҳаршинос буд ва Лоиқро ӯ ба камол расонид”.

Баъди марги Лоиқ Шералӣ ҳамасола дӯстон, шогирдон ва ихлосмандони ашъори шоир дар ин ҷо ҷамъ меомаданд ва маҳфили “Лоиқхонӣ” баргузор менамуданд. Пас аз даргузашти Муъмин Қаноат дар соли 2018 ёди ӯ низ бар ин маҳфил илова шуд. Акнун 20-уми май ба таври мардумӣ “Рӯзи шеъри тоҷик” гуфта мешавад.

Ин ҷо шоирону ҳофизон ва устодони донишгоҳ перомуни корномаи Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ҳарф заданд ва донишҷӯён аз ашъори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ қироат карданд.

Дар ин чорабинӣ ҳамасола ҳамсари Зебуниссо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ ширкат мекард, вале пас аз даргузашти ӯ акнун пайвандони шоир ин ташаббусро идома медиҳанд.

Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ, ҳарду Шоири халқии Тоҷикистон, рӯзи 20-уми май чашм ба олам боз кардаанд. Муъмин Қаноат зодаи ноҳияи Дарвоз ва Лоиқ Шералӣ зодаи шаҳри Панҷакент аст. Онҳоро на танҳо як рӯзи тақвимӣ, балки шеъру шоирӣ ба ҳам мепайвандад.

Муъмин Қаноат достонсарои барҷаста аст ва Лоиқ Шералӣ ғазалсаро ва шоири лирикии шинохта мебошад. Онҳо солҳо мавлудро якҷоя таҷлил мекарданд. Ҳоло ҳаводоронашон ин рӯзро якҷоя ҷашн мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.