Мақомоти масъул соли 2020 ваъда дода буданд, ки то 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон 30 дарсади кӯдакон дар вилояти Суғд бо кӯдакистон таъмин мешаванд, вале кунун ба 33-солагии истиқлол мерасем ва ин омор танҳо ба 22,2 дарсад баробар аст. Чаро бо гузашти се сол аз ин гуфта теъдоди ками кӯдакони шимоли кишвар ба кӯдакистон мераванд? “Азия-Плюс” ин масъаларо пайгирӣ кард.
Чаҳор кӯдакистон зиёд шуд
Дар соли хониши 2023-2024 дар вилояти Суғд наздики 45 ҳазор кӯдак ба кӯдакистон фаро гирифта шуда, айни замон 3 ҳазору 188 нафар кӯдак дар навбат аст.
Гулсара Тошматова, мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят дар суҳбат бо мо гуфт, дар соли хониши 2022-2023 шумораи кӯдакистонҳо дар вилояти Суғд 278 ададро ташкил медод, ки 44 ҳазору 713 кӯдак фаро гирифта шуда буд.
“Дар соли хониши 2023-2024 теъдоди кӯдакистонҳо 4 адад зиёд шуда, нисбат ба як соли қабл 229 кӯдак зиёдтар ҷалб шудаанд. Фарогирии кӯдакон дар миқёси вилоят 22,2 фисадро ташкил медиҳад”, - афзуд Тошматова.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят яке аз роҳҳои алтернативии фарогирии кӯдакон ба низоми таҳсилоти томактабӣ ин марказҳои инкишофи кӯдак мебошад. Айни ҳол 614 маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки 17 ҳазору 362 кӯдаки шашсоларо ба таълиму тарбия фаро гирифтааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки собиқ сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода қаблан дар посух ба суоли мо гуфта буд, ки фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон то ҷашни 30-солагии Истиқлолият 30 дарсад дар назар дошта шудааст.
Чаро нақшаи пешбинишуда иҷро нашуд?
Гулсара Тошматова, мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят гуфт, ки сабаби аслии ба 30 дарсад нарасидани нақша афзоиши рӯзафзуни кӯдакон аст.
“Тибқи иттилои САҲШ-и вилоят, ки ба мо дастрас мешавад, сол то сол теъдоди кӯдакон зиёд шуда истодааст. Пурра нашудани нақша аз кам бунёд шудани кӯдакистон дар сатҳи вилоят нест, балки афзудани теъдоди кӯдакон аст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, “ҳар сол 8-9 кӯдакистони хусусию давлатӣ сохта, ба истифода дода шуда истодааст. Яъне ҷиҳати фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон тибқи нақша вобаста ба имконият ҳар шаҳру ноҳия корбарӣ карда истодааст”.
То навбатам меояд, ки кӯдаконам мактабхон мешаванд...
Моҳира Саидова зани танҳо буда, аз шавҳар бо се кӯдак ҷудо шудааст. Ӯ таъмин ва нигоҳубини се кӯдакро бар дӯш дорад. Духтарчаи калонии ӯ мактабхон аст ва дар синфи дуюм мехонад.
Ду духтарчаи дигари ӯ, ки яке 4-солаву дуюмӣ 2-сола аст, ниёз ба боғча доранд. Аммо Моҳира наметавонад кӯдаконашро ба боғча ҷойгир кунад. Ӯ сабабашро чунин шарҳ дод:
“Маълумотам миёнаи махсус аст ва шавҳарам беш аз 3 сол боз дар Русия қарор дорад. Қариб ду соли аввал кам-кам пул фиристод, аммо наздики ду сол боз ягон танга намефиристад. Хостам кӯдаконамро ба боғча диҳам ва дар ягон ошхона кор карда, зиндагиро пеш барам, аммо қабул накарданд. Дар аввал хеле ба ғазаб омадам, ки чаро кӯдакони одамони бой ҷой мешаванду ду ятими ман не?”.
Ӯ ба нақлаш идома дод, ки “мудири боғча бо оҳанги нарм фаҳмонд, дар қабул бой ва камбағал будан аҳамият надорад. Якум синну солу кӯдак, дуюм коргар будани волидонаш. Коргар будани модару падараш аз он сабаб ки онҳо рӯзи дароз дар ҷои коранд ва фарзандашон бо нигоҳубину тарбия ниёз дорад”.
“Аз кӯдакони дарнавбатбуда ҳам мо аввал онҳоеро ба боғча қабул мекунем, ки волидонашон ё шахсони онҳоро ивазкунанда коргар ҳастанд ва имкони нигоҳубини кӯдакро надорад. Хулоса мудири боғча чанд қонун ва санадҳои вобаста ба кӯдакро гуфт, аммо саводи ман ба дарки онҳо намерасад. Фақат ҳамин қадар хулоса кардам, ки то навбати мо меояд, ки кӯдаконамон мактабхон мешаванд...”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Норасоии боғча, кадр, ғизои солим, маблағ ва даҳҳо мушкили дигар
Нарасидани кӯдакистонҳо дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳалҳо, норасоии кадрҳои баландихтисос, паст будани сифати хӯрок ва ба ин монанд мушкилот дар масъалаи кӯдакистонҳо вуҷуд дорад, ки боиси нигаронӣ ва ҳам сарсонӣ шудааст. Яке аз масъалаҳои баҳсбарангез, ки ҳамеша шикояти волидонро ба бор меорад, ин пули моҳонаи боғча мебошад.
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронидани муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ” аз 2 ноябри соли 2015 маблағгузории сарикасӣ зина ба зина дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шудааст, аммо нофаҳмиҳо зиёданд.
Чанд соли охир нархи моҳонаи кӯдакистонҳои давлатӣ бе ягон нишондодани сабабу омил 8-10 сомонӣ гарон шуда истодааст, ки ин ҳам барои иддае аз волидон мушкилӣ пеш оварда ва бар саволҳои худ посух намеёбанд: магар ҳар сол нарх гарон мешавад?
Президент ҳам аз соҳибкорон хост, ки кӯдакистон созанд
Дар паёми солонаи соли 2021 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон зикр гардид, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои томактабӣ дар аксарияти шаҳру навоҳӣ мебошад.
Дар ин робита, президенти кишвар ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кунанд.
“Хоҳиш мекунам, ки ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоед”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳоло то 35-солагии истиқлоли кишвар интизор мемонем?
“Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста