Аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик имрӯз, 24-уми июн, аз шаҳри Мадина ба Душанбе баргаштанд. Онҳоро намояндагони Кумитаи дин ва наздикону пайвандонашон, ки чанд соат дар интизорашон буданд, бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.
Ин гурӯҳи ҳоҷиён дар ҳайати 165 нафар рӯзи 25-уми май ба Арабистони Саудӣ рафта буданд ва давоми як моҳ он ҷо маносики Ҳаҷро ба ҷо оварданд.
Аз кумитаи дин ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки бозгашти ҳоҷиён то 10-уми июл давом мекунад.
Пешвози ҳоҷиён солҳои пеш пурдабдаба сурат мегирифт ва хонаводаи ҳоҷиён маъракаҳои пурхарҷе баргузор мекарданд. Имсол ба қонунҳои Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ворид гардид, ки бар асоси он маъракаҳои ҳоҷизиёрат манъ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Арбистони Саудӣ имсол барои Тоҷикистон ҳафт ҳазор квота ҷудо карда буд, аммо чанде пеш аз Кумитаи дин ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки каме бештар аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтаанд.
Маблағи адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон имсол 57 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд, ки дар муқоиса ба соли қабл камтар аст.
Ҳаҷ яке аз аркони муҳими дини ислом буда, барои ҳамаи мусулмонон як бор анҷом додани он фарз аст, ба шарте, ки тавону қудрати онро дошта бошанд.
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Ҷавоби Фиръавн"
Омодагӣ ба мавсими зимистон. Рустами Эмомалӣ ба зердастонаш боз чӣ супоришҳо дод?
Боздошти муовини роҳбари диаспораи тоҷикон дар Иркутск ба гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Gruner Stucky ба таҳияи заминаи техникиву иқтисодии НБО “Чарсем” дар ВМКБ оғоз мекунад
Оғози равуои аввалин маршруткаҳои барқӣ дар Душанбе
“Ҷуръати баррасии фоҷеаҳои 100 соли гузашта”. Баҳси зерматнҳои китоби “Нони шарикӣ" (Сад сол бо Русия)
Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард
Имрӯз ҳавопаймои Душанбе-Хоруғ парвози худро анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста