Дар натиҷаи раъду барқ, боронгариҳои шабонарӯзи охир ва омадани селҳо се нафар дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора КҲФ хабар медиҳад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки рӯзи 23-юми июн ду сокини 18 ва 20 - солаи деҳаи Солимолидашти ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон, ки барои ҷамъоварии ғизои чорво ба саҳро рафта буданд, аз зарби раъду барқ ба ҳалокат расиданд.

Худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи омадани сел дар деҳаи Шашқади ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент як сокини 22-сола ҳангоми убур кардани сел ба ҳалокат расидааст.

Ҷасади онҳо дарёфт ва ба мақомоти дахлдор супурда шудааст.  

КҲФ гуфт, рӯзи 23 июни соли 2024 дар ноҳияи Лахш, Шамсиддин Шоҳин, Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент борони шадид сабаби омадани селҳо шуд.

“Соати 16:20 дар деҳаҳои Панҷрӯд, Шашқад ва Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент сел роҳи байни деҳаҳоро баст. Дар ин мавзеъҳо кори бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо истифода аз техникаи вазнини муҳандисӣ давом дорад”, - гуфтааст ин ниҳод.

Ҳамчунин, бар асари омадани сел дар ноҳияи Лахш об таҳхона ва ду қитъаи наздиҳавлигии сокинони деҳаи Сариосиёи ҷамоати деҳоти Наврӯзро пур кардааст. 

“Дар ҷануби кишвар 23 июни соли 2024 соати 14:40 дар деҳаи Ёл, ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шоҳин дар натиҷаи борони шадид сел роҳи байни деҳаро вайрон кардааст. Ҳамчунин, дар километри 224 то 237-уми шоҳроҳи байналмилалии Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз-Хоруғ резиши сангу ярч боиси баста шудани ин қитъаҳои роҳ шудааст”,-гуфтанд аз КҲФ.

Айни замон ҳаракати нақлиёт дубора аз сар гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар ҳудуди деҳаи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Бунҷинаки ноҳияи Шаҳристон бар асари омадани сел роҳҳои байни деҳаҳо баста шудаанд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия кор мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти шадиди борон ва омадани селу ярч дар кишвар дар моҳи май ҳаҷми зарар зиёда аз 44 млн сомониро ташкил дод.

КҲФ гуфт, дар натиҷа, 25 манзил осеб дида, 15 хона пурра вайрон шуданд.

Ғайр аз ин, аз офатҳои табиӣ бинои 6 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ, 260 км роҳҳои мошингард, 27 пул, 15,2 км хатҳои интиқоли барқ, 0,8 км хатҳои алоқа, 87,7 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 92,6 км хатҳои обрасонӣ ва наҳрҳо (каналҳо), 14,7 км селпартоҳо, 2 км шабакаҳои обрасон ва обу корез, 10 пойгоҳи обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ ва 1076 га заминҳои кишоварзӣ осеб диданд.

Ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 137 сар чорвои шохдори калон, 501 сар чорвои майда, 62 паранда, 160 оилаи занбӯрҳо нобуд шуда, ба 26 ҳавзи моҳипарварӣ зарар расид. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.