Дар давраи аз моҳи январ то апрели соли ҷорӣ ҳудуди 22 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ихроҷ шудаанд, ки қариб ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Тавре ки аз маълумотномаи таҳлилии ВКД Русия бармеояд, дар ин давра 669 нафар аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум шудаанд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 38 ҳазор қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия қабул шудааст, ки 28,5% бештар дар муқоиса бо соли гузашта мебошад.
Мувофиқи маълумоти ВКД, шумори ҳолатҳои рад шудани вуруд ба Русия низ афзудааст: агар дар се моҳи аввали соли 2023 вуруди 55 ҳазор хориҷиён ба Русия манъ шуда бошад, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда аллакай 79 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шумори иҷозатномаҳои барои зисти муваққатӣ (РВП) додашуда 40,9% ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) - 20,1% кам шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин давра шумори санадҳои маъмурӣ (протоколҳо) нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ 18,7% (676 209) зиёд шудааст.
Шумори умумии санадҳо дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ дар бахши муҳоҷират ба 490 187 (+3,4%) адад расидааст.
Ғайр аз ин, ба иттилои манбаъ, шумори ҷиноятҳои ошкоршудаи марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 2,6 баробар (то 676) ва шумори парвандаҳои пешакӣ тафтишшуда аз рӯи чунин ҷиноятҳо 2 баробар боло рафтааст.
Вазорати корҳои дохилии Русия зикр мекунад, ки дар ин давра шумори шахсони ба шаҳрвандии Русия қабулшуда қариб 50% кам шудааст.
Фишор болои муҳоҷирон
Дар маълумоти ВКД Русия бобати аз кадом кишварҳо чӣ миқдор хориҷ шудани шаҳрвандон хабар дода нашудааст, лекин пас аз амали террористӣ дар “Крокус” моҳи марти соли ҷорӣ, фишор болои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, дар навбати аввал тоҷикистониён тақвият ёфт.
Муҳоҷирони коргар дастаҷамъӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, сохторҳои қудратӣ онҳоро аз хобгоҳу ҷойи кор ва ҳатто аз масҷидҳо боздошт ва бо худ мебурданд.
Муҳоҷиронеро, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоштанд, ба таври оммавӣ аз Русия ихроҷ намуда, шахсони ба Русия омадаро роҳ намедоданд. Мақомоти даҳҳо минтақаҳои Русия кори муҳоҷиронро дар нақлиёти мусофиркашонӣ ва дигар соҳаҳо манъ карданд.
Танҳо аз 26 то 30-юми апрели соли 2024 аз 3 ҳазору 101 шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостанд тавассути гузаргоҳи сарҳадии фурудгоҳи Внуково вориди Русия шаванд, 643 нафар, баъди боздошти чандинрӯза бидуни шароити мувофиқ, ихроҷ шудаанд.
Рӯзи 30-юми апрел Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон занг зада, зимни гуфтугӯ вазъи душвори шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ки дар пайи чораҳои шадиди мақомоти Русия пеш омад, баррасӣ шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки чунин бархӯрди манфӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои равобити дуҷониба мувофиқат намекунад.
Дар ин замина таваҷҷуҳи Сергей Лавров ба зарурати риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии асосии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва Шартнома дар бораи хамкории иттифоқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз ҷониби Русия ҷалб карда шуд.
Дар пайи изҳороти С.Лавров “бар зидди кадом миллату дине равона нашудани чораҳои андешидашуда” С.Муҳриддин таъкид кард, ки ин нукта бо вазъи воқеӣ созгор нест ва амалҳои номатлуб танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.
Бино ба маълумоти расмӣ, чунин тадбирҳо “бо мақсади таъмини амнияти ҳаёт ва солимии аҳолии маҳаллӣ” рӯйи даст гирифта шуданд.
Аввали моҳи апрел ВКД Русия корҳои таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи сангинтар кардани назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷиратро ба поён расонид. Акнун хориҷиён ба супурдани биометрия уҳдадор шуда, инчунин муҳлати будубоши онҳо дар қаламрави Русия то 90 рӯз дар давоми соли тақвимӣ кам карда шуд.
Нимаи моҳи май вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар бораи оғози омодагиҳо ба ислоҳот дар бахши танзими муҳоҷират ва назорат аз болои будубоши онҳо хабар дод.
Рӯзи 27 май вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон омад. Бо ҷониби Тоҷикистон ӯ масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахши муҳоҷиратро бараасӣ кард. Ҳамчунин Владимир Колоколтсев дар маросими ифтитоҳи намояндагии Хадамоти шиносномавӣ-раводидии ВКД Русия дар Душанбе иштирок кард.