Моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии парлумони кишвар ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйирот ворид кард. Мувофиқи лоиҳаи нави қонун, “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид.

Аз Кумитаи кор бо занон ва оила ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки лоиҳаи нави либоси милӣ бо назардошти анъанаҳои миллӣ ва талаботи замони муосир тарҳрезӣ шуда, на танҳо барои занон, балки барои мардон низ пешбинӣ гардидааст.

Мушаххасоти дигар дар бораи тарҳи нави либоси миллӣ нест. Ва ҳам маълум нест, ки “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” кадом аст.

Дар ин робита, мо аз сокинон пурсидем, ки либоси ба фарҳанги миллӣ бегона ва либоси миллии тоҷикон кадом аст. Посухи сокинонро дар навори зер бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.