Дар давоми 6 моҳи соли 2024 бо кумаки мустақими Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон лар Русия бо роҳҳои муколама бо корфармоён ва мусоидати мақомотҳои дахлдори Русия музди меҳнати пардохтнашудаи шаҳрвандон дар ҳаҷми 18 023 987,00 рубл (2 178 048,00 муодил ба сомонӣ) баргардонида шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Намояндагӣ хабар медиҳад, сабабҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон гуногун буда, аксари онҳо ба набастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва сифати пасти иҷрои корҳо рост меояд, ки ин сабаб метавонад дар пардохт нагардидани маблағ аз тарафи фармоишгар ба пудратчӣ бошад.

“Номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо аст, ки дар охир ҳисоби корҳои анҷомдодашуда байни тарафҳо мувофиқат намекунад ва мушкилии исботи иҷрои корро ба бор меоварад”, - омадааст дар хабар.

Дар хабар хотираасон мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Маскав:

+7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (910) 443-63-35, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40

Шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург:

+7 (982) 739-89-98;

Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа:

+7 (926) 311-52-53;

Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург:

+7 (977) 963-25-69;

Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар:

+7 (996) 120-77-77;

Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск:

+7 (929) 388-54-11.

Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск:

+7 (909) 809-55-48.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.