Шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук шикоят доранд, ки барои дарёфти раводиди Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бо мушкил рӯбарӯ шудаанд. Онҳо мегӯянд, ду ҳафта инҷониб ба дархости онҳо посухи рад дода мешавад. Ширкатҳои сайёҳӣ низ тасдиқ мекунанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон чунин мушкил пеш омадааст, аммо мақомоти дахлдор расман шарҳ намедиҳанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз мушкил огоҳ аст ва онро пайгирӣ дорад.
Шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон аз мушкили дарёфти раводиди АМА чанд рӯзи охир хеле зиёд шуд. Чандин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ин кишвар ба дархости онҳо ҷиҳати дарёти раводид бидуни шарҳе посухи рад медиҳад.
Ин мушкилро намояндагонни чанд ширкати сайёҳӣ низ тасдиқ карданд. Як масъули ширкати сайёҳии “Prestige Tour” дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки ҳоло танҳо дархости раводиди мардҳо рад шуда истодааст.
“Муддати 15 рӯз аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо ин мушкил рӯбарӯ шуданд. Агар аҳли хонавода дархост пешниҳод кунандЮ, раводид дода мешавад, аммо агар мардҳо танҳо дархост пешниҳод кунад, рад мекунанд. То ҳол сабаби рад шудани дархостҳоро шарҳ надодаанд, вале аз сафорат ба мо гуфтанд, ки шаҳрвандоне, ки ҳатто як соат аз муҳлати раводидашон гузаштагӣ аст, дархосташон рад мешавад”, ‑ гуфт масъули ин ширкат.
Дар ширкати сайёҳии “Adras Travel” низ гуфтанд, ки танҳо ба мардҳо раводид намедиҳанд ва занҳову духтарҳо ва оилаҳо бе мушкилӣ раводидро гирифта истодаанд. Масъулини ин ширкат низ мегӯянд, ки мақомот сабаби рад шудани дархости мардҳоро барои дарёфти раводид шарҳ надодаанд.
“Имрӯз як мард бо ҳамроҳи зану фарзандонаш барои дарёфти раводид муроҷиат карданд, ҳатто ба онҳо низ гуфтанд, ки кафолат намедиҳанд. То ҷое мо фаҳмидем, гӯё дар Дубай шаҳрвандони тоҷикеро пайдо кардаанд, ки бе ҳуҷҷат дар таҳхонаҳо фаъолият мекардаанд. Мегӯянд, ки ба ҳамин хотир дигар ба мардҳо дар танҳоӣ раводид намедиҳанд. То ҳол шарҳи расмӣ мо дарёфт накардаем ва намедонем, ки чаро дархости мардҳо рад мешавад”, ‑ гуфтанд дар ширкати мазкур.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия‑Плюс” гуфтанд, ки аз мушкилии дарёфти раводиди АМА огоҳ ҳастанд ва онро пайгирӣ карда истодаанд.
“Дар робита ба ин масъала дар ҷараён ҳастем ва барои шарҳи бештар ба ҷониби АМА муроҷиат намудем, интизори посухи онҳо мебошем”, ‑ гуфтанд дар ВКХ.
Бояд гуфт, нархи раводиди АМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1 ҳазору 67 сомонӣ (100 доллар) муайян карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022, бо 52 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб ва Шоҳигарии Баҳрайн низоми бераводиди яктарафаро ҷорӣ намуд. Шаҳрвандони кишварҳои мазкур имкон доранд, ки давоми 30 рӯз дар Тоҷикистон бидуни равонид қарор дошта бошанд.





Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста