Дар бораи арзу шикояти мусофирон нисбати таксиронҳо дар Тоҷикистон мо чандин бор мавод нашр кардем. Аммо паҳлӯи дигари масъала низ ҳаст. Таксиронҳо низ аз рафтори номуносиби бархе аз мусофирон асабиву нороҳат мешаванд. Таксиронҳо ба “Азия-Плюс” дар бораи  чӣ гуна мизоҷон  бо онҳо бархӯрд мекунанду бо кадом мушкилотҳо дучор шуданашон изҳори назар карданд.

Бо хоҳиши мусоҳибон ному насабҳо зикр намешаванд.

“Бе дағалгуфторӣ мумкин аст?”

Ронандагони таксӣ шикоят мекунанд, ки бештар дар бораи мушкилоти мусофирон мегӯянд ва менависанд, дар ҳоле ки худи таксиронҳо низ на камтар аз рафтори номуносиби муштариён нороҳат мешаванд.

Яке аз онҳо дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар бораи то чӣ қадр дағалгуфтору дағалрафтор будани мусофирон изҳори назар кард:

«Ба як саволи одӣ метавонанд ҷавоби тунде диҳанд. Масалан, як бор зане хоҳиш кард, ки ӯро ба як тарабхонаи маъруфи шаҳр барам. Ман дар куҷо ҷойгир буданашро намедонистам ва хоҳиш кардам, ки мавзеъҳои наздики онро мушаххас бигӯяд. Ӯ зуд асабӣ шуд ва гуфт: "Чӣ хел таксирон ҳастӣ, ки шаҳрро намедонӣ?! Ҳама ин ҷоро медонанд!" - гуфта дод зад ва аз мошин фаромад.

Баъд аз як дӯсти таксиронам фаҳмидам, ки ҳар рӯз аз паҳлӯи он тарабхона мегузарам. Он дар роҳи асосӣ қарор дорад. Бале, шояд гуноҳи ман аст, лекин бе дағалгӯӣ ҳам мешуд», - нигаронӣ мекунад ӯ.

Ронандагони дигар низ аксар вақт аз бедиққатӣ ва бепарвоии мусофирон, махсусан вақте ки бо кӯдакон мешинанду баъд аз онҳо дохили мошинро шустан лозим мешавад, шикоят мекунанд.

«На ҳама, лекин бисёр вақт кӯдакон ба шишаҳо даст зада, бо кафшҳояшон курсиҳоро, ки бо матоъ рӯйпӯш шудаанд, олуда мекунанд. Тасаввур кунед, ки дар як моҳ чанд маротиба онҳоро шустан лозим мешавад? Дар ҳамин ҳол, на ҳамаи волидон, бахусус модарон онҳоро аз ин корҳо бозмедоранд. Вақте ки ман ором кардани кӯдаконро хоҳиш мекунам, онҳо ҷавоб медиҳанд, ки "охир ин кӯдак аст, ман чӣ кор карда метавонам?", - мегӯяд ронандаи дигар.

Вақте ки «Азия-Плюс» посухи шаҳрдориро ба шикоятҳои мусофирон нашр кард, корбари шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" бо номи  Bobizoda пурсид, ки ба куҷо метавон аз рафтори мусофирон шикоят кард:

«Ё ки фақат таксиронҳо гунаҳкоранд? Масалан, ман мошинамро баъзан ду бор дар як рӯз бо 30-40 сомонӣ мешӯям!!! Онҳо гӯё ба мошини шахсии худ нишаста, бо дасту пойҳояшон ба ҳар чизе мерасанду онҳоро олуда мекунанд, ҳатто агар ба масофаи 2-3 км раванд ҳам, фурсат меёбанд, ки тамоми дохили мошинро олуда кунанд, махсусан модароне, ки ҳамеша гӯё ҳақ бошанд!!! Мегӯед, ки кӯдакро аз ин кор нигаҳ доред, онҳо бошанд, ҷавоб медиҳанд, ки "охир ӯ ҳоло хурд аст!" Ҳамеша дар бораи манфиати худ фикр мекунед. Худхоҳӣ!!!» - изҳори норозигӣ кардааст ӯ.

Натанҳо ронандагони таксӣ, балки мусофирон низ бо телефон хеле баланд гап мезананд, ки ин ҳам ба гуфтаи таксиронҳо, асаби онҳоро хароб мекунад. Ҷавонон, ҳам писарон ва ҳам духтарон, низ бештар дағалгуфтору дағалрафтор шудаанд.

«Тавре рафтор мекунанд, ки гӯё ҳама ба онҳо қарздоранд», - шарҳ дод яке аз ронандагон.

Мошини яке аз ширкатҳои таксӣ дар Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Хароҷоти зиёди ронандаҳо

Бисёре аз ронандагон аз хароҷоти зиёди пулии худ – маблағи зиёд барои иҷора, таъмири мошин ва "ҳаққ"-и кормандони БДА шикоят карданд.

«Аз даромади рӯзона аз нисф зиёдашро бояд дод», - гуфт яке аз онҳо.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери нашрҳои «Азия-Плюс» дар бораи шикояти мусофирон фикрҳояшонро навиштанд, низ бо гуфтаҳои ронандагон мувофиқанд.

«Мусофирони гиромӣ, аксарияти мусофирони таксиҳо фикр мекунанд, ки ин мошини шахсии онҳо ё мошини падари онҳост. Мусофирони муҳтарам, аксарияти ронандагон бо иҷора кор мекунанд. Онҳо ҳар рӯз иҷорапулӣ медиҳанд, аз субҳ то шом кор мекунанд ва барои зиндагӣ пул сарф мекунанд. Аз ҳар яки шумо хоҳиш дорем, ки кори ронандаро қадр кунед», - навиштааст Same Murodzade.

«Ҳама дар бораи таксиронҳо мегӯянд, аммо касе дар ин хусус фикр намекунад, ки 1) барои иҷора, 2) ба ширкат 3) барои патент 4) барои иҷозатнома 5) барои ҳуҷҷатҳои солона 6) барои ҷаримаҳо ва 7)  барои таъмири мошин пул пардохт кардан лозим аст», - чунин баён кардааст андешаи худро  _safarov_8888.

Манучеҳр Ҳайдаров пешниҳод мекунад, ки аз шароите, ки гоҳ-гоҳ асабҳои ронандагонро хароб мекунанд, низ бояд шикоят кард.

"Аз роҳҳои бад, аз танбашавии сунъӣ бар асари ҳаракати автобусу маршрутка ва таксиҳои ғайриқонунӣ дар назди "Садбарг", аз мошинҳои дар ду хат дар канори роҳ гузошташуда дар назди ҳар як бино, ки ҷойи таваққуф нест, аз чароғакҳо дар роҳҳои ҳамвор, ки 20 сония давом мекунанд, аз мошинҳои боркаш, ки дар ҷойҳои манъшуда ҳаракат карда, ба ҳолатҳои танбашавӣ боис мегарданд, шикоят кунед.

Ҳамчунин онҳое, ки худро аз ҷомеа боло мешуморанд, дар хати сеюм бо суръати 20 км/соат ҳаракат мекунанд. Дар мавриди надонистани шаҳр бошад, ҳар рӯз чизи наве боз мешавад. Бархе дар бораи ҷойҳое мегӯянд, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) вуҷуд доштанд, насли имрӯз онҳоро намедонанд. Ба он ҷо намераванд, чунки 99% хонаҳо рақам надоранд. Барои он намераванд, ки он ҷо ё роҳ нест, ё роҳе ҳаст, ки ба ҷойи 10 дақиқа як соат вақтро мегирад.

Оё шумо дар мошини шахсии худ бо ин роҳҳо мерафтед? Болои ин агар дар тамоми роҳ мусофирони шумо нохунҳояшонро гирифта, ахлотро ба дохили курсӣ резанд, кӯдаконашон бошанд, ба ҳар чиз расида болои ин доду фарёд ҳам кунанд.

Лекин терминатор-таксирон бояд дар банд монад ё аз роҳе гузарад, ки ҳатто мошини УАЗ намегузарад ва дар фикре бошад, ки "шояд чарх ё батарея осеб бинад", аммо ҳамаи инро бо 10 сомонӣ барқарор кардан имкон надорад. Вале ман ҳамчун таксироне, ки қонунро риоя мекунам, ба ҷои гирифтани як мусофири дигар, бояд ба ҳама чиз сабру таҳаммул кунам», - навиштааст ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.