Имрӯз, 23-юми сентябр Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев 70-сола мешавад. "Азия-Плюс" бо ин баҳона бо ин ҳунарпешаи шинохта доир ба фаъолияти нимасрааш дар театру синамо суҳбат кард.

 

30 сол дар як ҷо

Бо устод Асланшоҳ Раҳматуллоевро дар Театри намунавӣ-минётурии «Оина» вохӯрдем. Чун медонем, ки саргузашти ба ин театр омаданашон ҷолиб аст, хоҳиш кардем, ки қисса кунанд.

- Пас аз хатми Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскав (ВГИК) ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омадам. Соли 1991 Убайдулло Раҷабов Театри намунавӣ-минётурии «Оина»-ро ташкил кард ва маро ба ҳайси коргардон даъват намуд. Аммо ман се сол вақт хостам, зеро гуфтам, бояд худамро ҳамчун коргардон рушд диҳам. Ҳамин тавр, то соли 1994 дар театри Лоҳутӣ мондам. Ҳамчун коргардон чандин намоишҳоро ба саҳна гузоштам, ки тамошобини зиёд доштанд. Аз ҷумла, намоиши “Парвози сабзабаноз”, ки аз ҷониби дӯстдорони театр хуб пазируфта шуд.


Тибқи ваъда ман соли 1994 ба “Оина” омадам. Бархеҳо ҳайрон шуданд, ки чаро аз театри Лоҳутӣ меравам, аммо чун ваъда дода будам, иҷро кардам. Он замон, кормандони “Оина” аз тарси силоҳдорон дар бинои асосии театр кор намекарданд, балки дар як хонаи дуҳуҷрадор ҷамъ шуда, саҳнаҳо мегузоштанд. Чанде дар ҳамон хона фаъолият кардем ва баъдан бо ёрии ва муҳофизати мақомот ба театр кӯчидем.

- 30 сол мешавад, ки дар “Оина” кор мекунед. Дар як ҷо зиёд кор кардан чӣ хубиву бадӣ дорад?

- Ба гуфтори “дарахт дар як ҷо месабзад” розиям. То қадри имкон кор кардем ва аз худамон чизе мондем. Ҷиҳати мусбати дар як ҷо мондан ин аст, ки имкон дорӣ ба ҷуз кори эҷодӣ шогирдони зиёд омода кунӣ. Чун фарзанди омӯзгор ҳастам, ҳанӯз аз рӯзҳои аввалӣ кор дар театри мазкур пеши худ мақсад гузошта будам, ки дар баробари корҳои эҷодӣ, кадр омода мекунам ва шукр ин корро кардам. Шогирдони ман на танҳо ҳунарпеша ё коргардон, балки аз уҳдаи ҳама кори эҷодӣ мебароянд. Ман шогирде омода намекунам, ки танҳо нақш офарида тавонад ё танҳо намоиш гузошта тавонад, балки одами эҷодкор бошад. Шахсе, ки ба театр меояд бояд ҳамакора бошад. Ҷиҳати манфии дар як ҷо мондан он аст, ки имкон дорад саломатиро аз даст диҳӣ. Аммо шукр ман ба ин дараҷа нарасидам.

Акс аз муаллиф

 

“Оина” ҳамқадами замон мешавад

- Замони интернет аст, дастгоҳҳои таъсиррасон ба афкор дар ин майдон фаъол шуда истодаанд, аммо мутаассифона театрҳои мо ин корро намекунанд. Чун “Оина” театри минётурӣ асту садҳо матлаби мувофиқи замон дорад, чаро дар интернет фаъол намешавад?

- Албатта, дар интернет фаъол буданро мо дарк мекунем, зеро насли наврас номи моро шунидааст, аммо маҳсули эҷодамонро ниҳоят кам дидааст. Ҳамчунин, ҳоло бештар аз пештар наврасону ҷавонон ба намоишҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ эҳтиёҷ доранд, ки хушбахтона мо бойгонии бой дорем. Аллакай, дар ин самт корро сар кардем ва умед дорем, ки он бойгоние, ки дар “Оина” ҳаст, ба насли наврас дастрас мегардад. Кӯшиш мекунем, ки завқи насли навро ба дараҷаи даркорӣ расонем.

- Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Ютуб таҳияи силсилафилмҳо муд шудааст ва миллионҳо бинанда доранд. Оё ба ҷуз маводи бойгониатон дар интернет боз кори нав карданиед?

- Минётураҳои нав ҳам ҳастанд. Як силсиларо пешниҳод карданием, ки шояд 100 қисм ҳам шавад. Мавзӯяш ахлоқӣ ва замонавист. Бовар дорем, ки ба дарди насли имрӯз мерасад, аммо ҳоло мушкили молӣ дорем, агар сарпараст пайдо шавад, ин корро пайваста ба роҳ мемонем.

 

“Ин мушкил маро ҳам ба ғам овардааст”

- Устод, дуруст аст, ки замони бесарусомонӣ боқӣ мондан ё нигоҳдории «Тоҷикфилм» зери суол монд ва шумо барои нигоҳ доштани он ва нишон додан, ки муассисаи мазкур кор мекунад, дар се рӯз фими «Буд набуд»-ро сабт кардед?

- Қисса чунин аст. Чор корманди “Тоҷикфилм” наздам омада, гуфтанд, ки гап-гап аст, ки муассисаро ба як вазорат диҳанд ва он ҷо чун шуъбае фаъолият кунад. Аз ман хоҳиш карданд, ки коре кунам. Баъдан, назди директори “Тоҷикфилм” омадам ва таклиф кардам, ки барои ҳалли мушкилӣ метавонам филме бардорам. Онҳо гуфтанд, пул меёбем ва ба ман се рӯз муҳлат доданд. Вақт кам буд, ман сенарияи намоиши “Гилеми кабуд”-ро аз театр гирифтам. Чун актёрҳо ва либосҳо омода буданд, омодагӣ дидем ва барои наворбардорӣ ба ноҳияи Айнӣ рафтем. Чанд рӯз баъд расонаҳо хабар доданд, ки “Тоҷикфилм” филми афсонавие гирифта истодааст ва ҳамин тавр, масъала ҳал шуд.

- Аз ҳолати вазнини синамо гуфтед, лутфан, бигӯед, ки ҳоло синамои мо чӣ ҳол дорад?

- Ман баҳо дода наметавонам. Дастгирии давлат мушоҳида мешавад, мутахассисони хуб ҳам ҳастанд, бачаҳо кӯшиш доранд. Шахсан худи ман дар даҳ соли охир танҳо дар ду филми “Тоҷикфилм” нақш офаридаам, ки ҳардуро коргардони ҷавону боистеъдод Румӣ Шоазимов гирифтааст. Албатта, бояд зиёдтар кӯшиш кунем ва ба дараҷаи даркорӣ бирасем.

- Мо филмҳои хуб бисёр дорем, аммо танҳо овозаашонро мешунавем, ки дар кадом ҷашнворае ҷоиза гирифтанд. Онҳоро на дар телевизион мебинем ва на дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ба андешаи шумо чаро чунин аст?

- Ин мушкил маро ҳам ғамгин кардааст, ки чаро филмҳои моро хориҷиён мебинанду худамон не? Дар ҳақиқат ин мушкил аст ва ман сабабашро намедонам.


- Албатта, бояд синаморо рушд диҳем, зеро василаи хуби таъсиррасон ба афкор аст. Ба андешаи шумо чӣ бояд кард, ки синамои тоҷик рушд кунад?

- Фикр мекунам, роҳи аз ҳама хуби ба ин мақсад расидан, ин эҷодкорони ҷавону боистеъдодро, аз ҷумла монанди Румӣ Шоазимовро нигоҳ дорем ва аз ҳунару истеъдоди онҳо истифода барем.

 

“Марги бегуноҳ” ва “Оворагардон”

- Дар синамо яке аз корҳои мондагори шумо ҳамчун ҳунарпешаву коргардон силсилафилми “Марги бегуноҳ” аст. Бигӯед, ки шумо дар ин филм чӣ гуна ширкат кардед?

- Ҳамаи ҳодисаҳое, ки дар филм нишон дода шудааст, ман бо чашми худам дидам. Он замони нооромӣ ҷабрдидагони зиёд назди ман омада, дарди дил кардаанд. Шабу рӯз бедор будем, корамон қиссаи дардманду даҳшатовари ҳамватанонро гӯш кардан буд. Ман шоҳиди бисёр ҳодисаҳо будам ва он ҷаҳони ҷангиро бисёр хуб медонам. Албатта, нависандаи маъруф Кароматуллоҳи Мирзо низ ҳодисаҳои он солҳоро бисёр хуб ба қалам додааст. Агар “Марги бегуноҳ”-ро филм намекардем, гуноҳ мешуд.

Қаҳрамонони филми "Марги бегуноҳ"
Радиои Озодӣ

Директори вақтии “Тоҷикфилм” Носир Саидов таклиф кард, ки филми мазкурро ба навор гирем. Ман розӣ шудам ва гуфтам, ки беҳтар аст, ки филмро бо ҳамкурс ва дар режиссура устодам Юнус Юсупов ҳамроҳ таҳия кунем, зеро ӯ хеле таҷрибаи бой дорад. Ҳамин тавр, филмро гирифтем. Ҳоло ин филм  ҷоиза нагирифтааст, аммо тамошобини зиёд дорад.

- Яке аз корҳои намоёни дигаратон ин нақшофарӣ дар филми “Оворагардон” аст. Он филм чӣ гуна пайдо шуд?

- Юнус Юсупов аз газета лавҳае овард. Дар он лавҳа гуфта мешуд, ки дар яке аз беморхонаҳои Русия ду оворагард як сарватмандро фиреб кардаанд. Мо ҳамонро асос карда, бо тахайюли худамон калон кардем. Ҳамин тавр, “Оворагардон” тавлид шуд. Ҳама ҷумлабандиҳае, ки дар филм мебинед, бадоҳатан ҳастанд.  Яке аз лаҳзаҳои ҷолиби филм ин мурғхӯрии мост. Аҷобати кор дар он аст, ки он замон мурғ ёфтан кори осон набуд. Коргардон ду мурғ пайдо карда, овард ва таъкид кард, ки яктояшро вақти наворбардорӣ хӯрему дигарашро аҳли гурӯҳ дар хӯроки нисфирӯзӣ хӯранд. Аммо мо дар вақти сабт ҳар ду мурғро хӯрдем (механдад).

Филми мазкур ҳаводорони зиёд пайдо кард ва хушбахтона, дар қисми дуюм сарпараст ёфтем.

 

Хостам аз кори ҷавонон огоҳ шавам

- Ба наздикӣ нақшофариатонро дар намоҳанг дидем. Чӣ хел шуд, ки ба ин кор розӣ шудед?

Намогирифт аз намоҳанги Умедҷони Бурҳон

- Сарояндаи ҷавон Умедҷони Бурҳон занг заду гуфт, ки мехоҳем дар намоҳангамон иштирок кунед. Аввал дудила будам, аммо розӣ шудам, зеро мехостам бинам, ки ин насли нав чӣ гуна кор мекунад. Сужаи намоҳанг, ки ба соли 1995 рост меояд, бароям шинос буд, зеро маросимҳои он солҳо ба ман шиносанд. Чун дидам, ки бачаҳо хеле заҳмат кашидаанд ва аз сару либос сар карда, то табақу косаи мувофиқ ёфтаанд, ин корро кардем. Илова бар ин, дӯстони деринаи ман Холмуроди Сидиқ ва Толиб Бобоев ҳам дар ин намоҳанг нақш офариданд, ки хуб буд.

Воқеан, бачаҳо хуб кор карданд ва аз ҳамкорӣ бо онҳо розиам.

 

Ташбеҳи зиндагӣ

- Номатонро кӣ мондааст?

- Номи маро бародарам Асламшоҳ Раҳматуллоев гузоштааст. Вақте ки ман ба дунё омадаам, он кас гуфтаанд, ки модоме ки ман Асламшоҳ ҳастам, бояд номи додарам “Асланшоҳ” бошад ва ҳамин тавр номамро гузоштаанд. Бародарам солҳои зиёд муаллими калони донишгоҳ буданд.

- Шумо 70-сола шудед, гузашти умрро чӣ гуна фаҳмидед?

- Ростӣ, нафаҳмида мондам, ки ин умр чӣ гуна гузашт. Умрам бо кори эҷодӣ, бо нақшофариву нақшмонӣ, омӯзишу омӯзонидан гузашт. Ҳар рӯзи ҳаётам як ҳодиса, як лаҳзаи фаромӯшнашаванда ва ё як сафару вохӯрии хотирмон дошт. Албатта, зиндагӣ якранг нест ва доимо хушҳолӣ набуд, аммо аксар ҳодисаҳои фараҳбахш буданд.


- Агар аз 70 ба қафо нигаред, чиро мебинед?

- Зиндагии ман шавқовар гузашт. Бисёр омӯхтам, бисёр дидам, бисёр шунидам. Вақте ки ба қафо нигарам, албатта, хотираҳои хубу ҳодисаҳои хотирмонро мебинам. Гила надорам ва заррае ҳам пушаймон нестам.

- Шумо аз ҷумлаи ҳунармандони машҳуру маҳбуби мо ҳастед. Машҳур шудан душвор нест, аммо маҳбуб будан хеле заҳмат мехоҳад. Оё бовар доштед, ки чунин корнома хоҳед дошт?

- Дар ин бора фикр намекардам. Ягона чизе, ки ҳамеша пешорӯям ҳаст, ин ҳалол зиндагӣ кардан, фанду фиреб накардан, кӯшиши он ки аз меҳнати ман касе хубие бигирад... аст. Агар аҳамият дода бошед, қаҳрамонҳои офаридаи ман ҳамаашон тарбиявӣ ҳастанд, то ки мардум ибрат бигирад ва дар роҳи рост бошанд. Ман нақши бемақсад набозидаам, ҳамчун коргардон саҳнаи бемақсад нагузоштаам. Ҳама кӯшишам барои он буду ҳаст, ки ба инсоният хизмат кунам ва некиро тарғиб намоям. Фикр мекунам, ки агар роҳ рост бошаду мақсад нек, ҳатман подош дода мешавад ва албатта, подоши ҳунарманд ин меҳри мухлисон аст.

- Бо гузашти синну сол кори актёрӣ душвор намешавад?

- Барои ман не, зеро гузашти солҳо ва корҳои зиёду таҷрибаи бой гирифтан, имкон медиҳад, ки ман ҳар кори бар душам вогузоштаро ба зудӣ анҷом диҳам. Ҳоло дар ҷое ҳастам, ки бо дидани матн ҳамчун актёр медонам чӣ гуна онро иҷро кунам ва ё ҳамчун коргардон чӣ гуна онро ба бинанда нишон бидиҳам. Ҳамчунин, набояд фаромӯш кунем, ки бо гузашти солҳо эҷодкорон пухтатар мешаванд ва ба сатҳи баланди эҷодӣ расида метавонанд.


- Аз ҷиҳати ҷисмонӣ чӣ?

- Албатта, нисбат ба ҷавонӣ фарқ ҳаст. Аммо дар саҳна гузашти синну сол ҳис намешавад, зеро ҳунарманд он ҷо қуввае пайдо мекунад, ки тамоми дарду хастагиву дигару дигарро намешиносад.

- Зиндагиро ба чӣ ташбеҳ медиҳед?

- Ба тарозу. Яъне, пасту баланд мешавад. Бовар кунед, агар якранг ва бо як вазн бошад, ҳеҷ шириниаш ба назар наменамояд. Зиндагӣ пур аз мубориза аст ва бояд ҳеҷ гоҳ таслим нашавӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.