Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими нави театриро бо намоишномае оғоз кард, ки мушкилоти театри тоҷикро инъикос мекунад. Намоишномаи “Симо ё ниқоб” зоҳиран як мазҳакаи сабук менамояд, вале асар ба мушкилоти печидаи соҳаи театр дар Тоҷикистон равона шудааст.
Намоишномаи мазкур аз рӯи асари Шодӣ Солеҳ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва драмматурги шинохта таҳия шуда, онро Нозим Меликов, коргардони номии тоҷик коргардонӣ кардааст.
Нахустнамоиши “Симо ё ниқоб” бо ҳузури ҳунармандон, устодон ва шогирдони Донишкадаи ҳунарҳои зебо рӯзи 21-уми сентябр манзур гардид ва нақшҳои асосиро Шаҳобиддини Ҳасан, Ғолиб Исломов ва Моҳпайкар Ёрова иҷро намуданд.
Мавзӯи “Симо ё ниқоб” раванди ба саҳна гузоштани як намоишнома аст. Намоиш аз он қисса мекунад, ки вазир сенарияи як намоишномаро имзо мекунад ва он бояд дар арафаи ҷашне ба саҳна гузошта шавад.
Вале коргардон дар Шӯрои бадеии театр вокуниш мекунад, ки сенария “хом” аст ва бояд аз нав коркард шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки роҳбари театр, ки чекчини бозор будаву бо кадом роҳе ба курсии роҳбарӣ нишастааст, пойфишорӣ дорад, то намоишнома дар ҳамон шакле, ки ҳаст, ба саҳна гузошта шавад.
Дар ин моваро намоишнома ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки чӣ гуна системаи шахссолорӣ - “вазир гуфт”, “вазир имзо монд”, “вазир супориш дод” ба раванди эҷодии театр таъсир мерасонад.
Сарфи назар аз ин, беэътиноӣ ба андешаҳои коргардон нишондиҳандаи он аст, ки чӣ гуна дониши тахассусӣ ва таҷрибаи касбӣ дар муқобили хоҳишҳои ғайрикасбии роҳбарият арзише надоранд.
Саҳнаҳое, ки дар он ҳунарпешагон ба роҳбари театр хушомад мегӯянд, нишон медиҳанд, ки чӣ гуна роҳбарият на истеъдод, балки итоаткориро қадр мекунад.
Намоишнома ошкоро нишон медиҳад, ин ҳолат боиси он гардидааст, ки сатҳи умумии касбият дар театр пайваста паст шавад. Ин вазъ на танҳо ба обрӯи театр зарба мезанад, балки тамошобинро низ аз театр дур мекунад.
Перомуни ин мушкилоте, ки дар намоишномаи “Симо ё ниқоб” ба рӯи саҳна бароварда шуд, қаблан борҳо ҳунармандону коргардонони тоҷик нигаронӣ карда буданд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
“Истиқлол” дар бозии панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ҳам шикаст хӯрд
Ваъдаи берун кардани Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Русия. Шойгу дар Кобул чӣ гуфт ва чӣ шунид?
Роҳбари ВТБ: Бе муҳоҷирон иқтисоди Русия аз нафаскашӣ бозмемонад
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста