Имсол дар Душанбе дар фасли зимистон 3 ҳазору 200 иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд, ки 150 бино бештар нисбат ба мавсими сармои гузашта будааст. Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” дар бораи бо гармӣ таъмин шудани кадом хонаву иншооти пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол ба “Азия-Плюс” маълумот дод.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки мувофиқи қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз 8 майи соли 2024 таҳти №295 дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 бо гармӣ таъмин намудани 3 ҳазору 200 иншоот дар пойтахт ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба мавсими соли гузашта 150 иншоот зиёдтар аст.
Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 бори аввал 150 иншоот ба низоми гармидиҳӣ пайваст карда мешавад. Дар ноҳияи Сино 20 иншоот, 19 адади он хонаҳои истиқоматӣ ва 1 адади он корхона аст, дар ноҳияи Фирдавсӣ 130 иншоот, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ 103 адад ва корхонаҳои гуногун 27 адад мебошад.
Дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳракҳои 42, 43, 45, 62 ва дар ноҳияи Сино шаҳраки 31 мувоффиқи нақша бори аввал бо гармӣ таъмин мегарданд.
Ноҳияи Сино:
Маҳаллаҳои — 10,11,12,13,14,15,32,33,81,82,83,84,92,91,101,102, 103, 104, Испечак — 1, 2/1, 2/2, Зарафшон — 1, 2/1,2/2. Илова бар ин, дар мавсими имсола ба 28 объект дар маҳаллаи 31 бори аввал гармӣ дода мешавад.
Ноҳияи Шоҳмансур:
Маҳаллаҳои 191.192, шаҳраки Бинокорон, маҳаллаи Айнӣ 80, қисми марказии маҳалла, объектҳои кӯчаҳои С.Айнӣ, А.Дониш, Д.Барно.
Ноҳияи Фирдавсӣ:
Маҳаллаҳои 21, 22, 46, 23, 24, 61 ва 63, инчунин дар маҳаллаҳои 42, 43, 45, 62 бори аввал бо гармӣ таъмин мешаванд.
Ноҳияи И.Сомонӣ:
Қисми марказӣ ва ҷанубии ноҳия.
Дар “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ карда, рӯзҳои наздик Маркази барқу гармидиҳии № 1-и пойтахт низ ба кор оғоз мекунад. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки марҳила ба марҳила давоми 3-4 ҳафта сокинони шаҳри Душанбе пурра бо гармӣ таъмин карда мешаванд.
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста