Зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар хориҷиён, ки дар Русия маҳкум шудаву дар зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳии ин кишвар адои ҷазо мекунанд, хабар медиҳанд, ки онҳоро ба таври оммавӣ ба имзои қарордод ва ба ҷанг бо Украина рафтан маҷбур мекунанд. Кормандони зиндонҳо бахусус ба маҳбуосни ҷавоне, ки ба наздикӣ муҳлати ҷазояшон ба охир мерасад, фишор меоранд. Дар ин бора ба “Настоящее время” зодаи Тоҷикистон Ҷовид, ки дар яке аз муассисаҳои ислоҳии Русия қарор дорад, изҳори назар кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки 32-сола асту дар Русия ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст ва аз муҳлати ҷазояш ҳамагӣ 7 моҳ боқӣ мондааст.
Ҷовид дар бораи маҳкумшудагон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ҳамроҳи ӯ дар зиндони низомаш сахт каме дуртар аз Маскав адои ҷазо мекунанд, изҳори назар карда, таъкид доштааст, ки онҳо дар ҳолати душвор қарор доранд.
Онҳо намехоҳанд ба ҷанг раванд, лекин дар чунин шароите, ки ҳозир барои онҳо дар зиндон ҳаст, минббаъд наметавонанд зиндагӣ кунанд.
"Одамон намедонанд чӣ кор кунанд. Мегӯянд, ки худро мекушему аммо аз шаҳрвандии худ даст намекашем ва ба ҷанг намеравем, - гуфт Ҷовид. - Онҳо бар ин назаранд, ки даст ба худкушӣ задан беҳтар аст аз ватан даст кашидану ба ҷанг рафтан”.
Ба гуфтаи ӯ, баъзе маҳбусон чунин мешуморанд, ки “даст ба худкушӣ задан” беҳтар аст аз шаҳрвандӣ даст кашидану бо Вазорати мудофиа қарордод ба имзо расонидан.
Ҷовид шарҳ дод, ки маҳбусони хориҷиро маҷбур мекунанд, ки аз шаҳрвандии кишвари худ даст кашанд ва барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳамзамон бо бастани шартнома муроҷиат кунанд.
"Агар имзо накунӣ, туро ба ҷаримагоҳ мебаранд. Агар аз шаҳрвандӣ даст кашиданро имзо кунӣ, ариза ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Баъд ҳуҷҷатҳои лозимаро тартиб дода, ба ҷанг мефиристанд. Намедонам, шояд онҳо худашон ҳуҷҷатҳоро бо номҳои мо имзо мекунанд. Инҷо ҳама чиз метавонад рух диҳад," изҳор дошт ӯ.
Ҷовид намедонад, ки чанд нафар маҳбусон аллакай қарордод имзо карданд, аммо мегӯяд, ки ӯ ва чанд ҳамватани шиносаш намехоҳанд аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашанд ва барои ин таҳти фишори иловагӣ қарор мегиранд.
Як гурӯҳи маҳбусони муҳоҷир аз муассисаи ислоҳии Ҷовид ахиран ба идора нома навиштанд. Онҳо менависанд, ки дар муассисаи ислоҳӣ тақрибан 400 маҳбус бо шаҳрвандии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.
Нозирони зиндон бо онҳо дағалона муносибат карда, онҳоро аз рӯи мазҳаб таҳқир мекунанд. Ҳамчунин онҳо зиндониёни дорои шаҳрвандии Русияро ба латукӯби маҳбусони муҳоҷир даъват мекунанд.
Маҳбусони хориҷӣ инчунин гуфтанд, либоси зиндониро, ки муассиса медиҳад, нозирон мегиранд ва месӯзонанд, то шароити будубоши одамон дар зиндон тоқатфарсо шавад.
"Рӯзҳои охир рӯйхат тартиб дода, таҳдид карданд, ки сарфи назар аз шаҳрвандӣ, ба ҷанги Украина мефиристанд. Шояд тамоми ин азобҳо маҳз бо ин нақшаҳо вобаста бошанд. Онҳо мехоҳанд одамонро ба ҳолате расонанд, ки онҳо ҷон додан дар ҷангро аз таҳқири нозирон беҳтар донанд", – омадааст дар номаи маҳбусон.
"Онҳо мегӯянд, ки ҳар касеро, ки мехоҳанд, ба ҷанг мефиристанд. Пешниҳод мекунанд, ки ихтиёран ба он ҷо равӣ: мегӯянд, дар ин ҳолат ба ҷойҳои беҳтар меафтӣ. Агар маҷбуран фиристанд, пас ба хатти пеши ҷабҳа равона хоҳанд кард, ки дар онҷо ягон имконияти зинда мондан нест", – менависанд муҳоҷирон.
Ҷовид мегӯяд, ки нозирон ба маҳбусони ҷавон, ки муҳлати ҷазои онҳо ба охир мерасад, фишори махсус меоранд.
"Тибқи овозаҳо, онҳое, ки ба ҷанг рафтанд, рӯзи дуюм ё сеюм мемиранд. Ҳама мемиранд, – мегӯяд Ҷовид дар бораи касоне, ки ҷалб шудаанд. – Лутфан дар расонаҳои худ дар бораи ин чиз нависед, то ки шахсони расмӣ ба ин вокуниш нишон диҳанд. Одамонро аз зиндонҳо маҷбуран ба ҷанг мебаранд!".
"Соли таваллуди ман 1992 аст. Дар ин ҷо муҳлати адои ҷазои баъзе одамон 7-8 моҳ, бархе як-ду сол монд," – мегӯяд ӯ.
Лоиҳаи Мигрант.Медиа ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат карда, мақомоти расмиро аз вазъи маҳбусони тоҷик дар муассисаҳои ислоҳии Русия огоҳ намуд. Аз мақомот ҳоло посухи расмӣ нест.
Ирсоли маҷбурии маҳбусон ба ҷангро мақомоти Русия аз рӯзи аввали оғози амалиёти ҷангӣ дар Украина амалӣ мекунанд.
Аввал ин корро ширкати хусусии ҷангӣ (ЧВК) "Вагнер" анҷом медод: ба маҳбусон пас аз шаш моҳи иштирок дар амалиёт озодиро ваъда медоданд. Ҳоло ҷалб тавассути Вазорати мудофиаи Русия сурат мегирад ва чунин шартҳо дигар нестанд: маҳбусонро бидуни ягон муҳлат ба хатти пеши ҷабҳа мефиристанд, то анҷоми ҷанг.
Расонаҳои Русия ва Украина дар бораи марги даҳҳо ҳазор маҳбусон ҳангоми ҳамла ба Бахмут навишта буданд. Дар он давра ба Тоҷикистон ҷасади бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар оварда шуданд, ки дар муассисаҳои ислоҳии Русия адои ҷазо мекарданд.
Айни замон теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия маълум нест: бисёриҳо ҳамчунин шаҳрвандии Русия доранд ва дар омор ҳамчун русиягиҳо ҳисоб карда мешаванд. Соли 2020 мақомоти Русия аз 10 ҳазор маҳбус хабар дода буданд.
Соли гузашта вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки тақрибан 100 шаҳрванди тоҷик аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина фиристода шудаанд.
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Даргузашти “духтари газета” - Гулчеҳра Фозилова
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Паёмбар ва корвони ташна”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста