Чанде пеш “Азия-Плюс” дар бораи Маркази раводиди Туркия мавод нашр карда, дар он доир ба тарзи кори он ва арзиши хидматрасониҳои Марказ муфассал маълумот дод.
Бархе аз хонандагон ин маълумотро зери шубҳа гузошта, зикр карданд, ки нархҳои дар мавод овардашуда ва нархҳо дар худи Марказ якхела нестанд. Кӯшиш менкунем, ки сабабашро шарҳ диҳем.
“Азия-Плюс”, мардумро ба гумроҳӣ наандозед Нархи раводид на 120 доллар, балки 137 ва VIР - 211 доллар аст. Дар Маркази раводид рӯйи миз лавҳае маҳз бо ҳамин нархҳо гузошта шудааст. Дар натиҷа, ҳамроҳ бо арзиши худи раводид нарх 197 доллар (7 рӯз) ё 227 доллар (3-4 рӯз) мешавад”, - навиштааст яке аз корбарон дар шарҳи мавод дар бораи Маркази раводид.
Дар сомонаи Марказ арзиши раводид ба ҳар кадоме аз навъҳои он 137 доллар зикр шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти сафорат, арзиши раводиди яккарата барои вуруд ба Туркия 60 доллар ва чандкарата - 190 доллар муқаррар шудааст. Пардохти ҷудогона барои хидматрасониҳои марказ (қабули ҳуҷҷатҳо, пур кардани анкетаҳо ва ғайра) 120 доллар + ААИ-ро ташкил медиҳад.
Тавре ки хабар доданд, маблағи 137 доллар аз хидматрасониҳои Марказ (120 доллар) ва иловаи Андоз аз арзиши иловашуда ё худ ААИ (17 доллар) иборат аст. Аз ин рӯ, он 137 долларро ташкил медиҳед (дар мавод ҳам чунин зикр шуда буд).
Ёдрас мекунем, ки ба ин маблағ ҳамчунин суғуртаи сайёҳӣ низ дохил мешавад.
Дар сафорат хабар доданд, ки ин маблағ (120 доллар) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон муқаррар шудааст. Дар ин ҷо инчунин принсипи мутақобила амал мекунад.