Моҳи июл Туркия дар Душанбе Маркази дархости раводид (виза) боз карда, акнун дархостҳо барои гирифтани раводид дар ҳамин ҷо қабул карда мешаванд. “Азия-Плюс” барои дарёфти посухҳо ба саволҳои муҳимтарину рӯзмарра дар бораи фаъолияти марказ ба сафорати Туркия дар Тоҷикистон муроҷиат кард.
Ёдрас мекунем, ки қабули дархостҳоро барои гирифтани раводиди Туркия марказ аз 5 август оғоз намуд. Худи сафорат дигар ба ин кор машғул намешавад.
Дар бораи арзиши раводид
- Раводидҳо ба Туркия чанд навъ ва нархашон чӣ қадар аст?
- Аз 20 апрели соли 2024 Туркия ва Тоҷикистон ба тавр мутақобила реҷаи раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандиро ҷорӣ карданд. Шиносномаҳо расмӣ аз раводид озоданд. Мутаносибан пеш аз ҳама гуна сафар, бахусус бо мақсади сайёҳӣ, раводид гирифтан зарур аст. Навъҳои раводид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон гирифта метавонанд, чунинанд:
- Раводиди сайёҳӣ
- Раводиди транзитӣ
- Раводиди таҳсил (барои таҳсили ибтидоӣ ва миёна)
- Раводиди донишҷӯӣ (барои таҳсилоти олӣ)
- Раводиди корӣ
- Раводиди табобат ва раводид барои шахсони ҳамроҳ
- Раводид барои пайвастани оилаҳо
- Раводид барои чорабиниҳо (ярмарка, конфронс, машваратҳо ва ғайра)
- Раводид барои чорабинии варзишӣ
- Раводид барои таҳсил дар курсҳои забони туркӣ
- Раводиди нақлиётӣ.
Арзиши раводиди яккарата барои вуруд ба Туркия 60 доллар ва чандкарата - 190 доллар муқаррар шудааст. Пардохти ҷудогона барои хидматрасониҳои марказ (қабули ҳуҷҷатҳо, пур кардани анкетаҳо ва ғайра) 120 доллар + ААИ-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин нархҳо ба дигар навъҳои раводид дар пайвасти зерин қобили дарёфт аст.
- Чаро нархи хидматрасониҳо ин қадар баланд аст?
- Ба маблағ инчунин суғуртаи сайёҳӣ дохил мешавад. Чунин маблағ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, муқаррар шудааст. Дар ин ҷо инчунин принсипи мутақобила амал мекунад.
Айни замон маблағи хизматрасонӣ аз тарифе, ки дар бисёр дигар кишварҳо аз ҷониби марказҳои қабули дархост истифода мешавад, камтар аст. Стандартҳои кори Маркази раводид чунин тартиб дода шудааст, ки шахси муроҷиаткунанда метавонад ҳуҷҷатгузории раводидро бидуни зарурати иштироки ягон шахси сеюм ё муассиса анҷом диҳад.
Азбаски қабули дархостҳо барои гирифтани раводид аз ҷониби як ширкати хусусӣ шурӯъ шуд, таҷрибаи рафтан ба сафорат барои супоридани ҳуҷҷатҳо низ бекор карда шуд. Мутаассифона, дар он давра ҳолатҳое буданд, ки муроҷиатҳо мустақиман ба сафорати мо пешниҳод мешуданд ва бинобар теъдоди зиёди муроҷиатҳо, мо онҳоро танҳо пас аз 2 моҳ қабул мекардем.
Ҳоло муроҷиатҳо барои гирифтани раводид ҳар рӯз супорида мешаванд, ки ин ба хеле зудтар дастрас кардани он имкон медиҳад.
Ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо барои раводид, ба кумаки ягон шахс ё ташкилоти дигар ниёз нест. Кормандони Марказ рӯйхати тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро медиҳанд, ба пур кардани аризаҳо ёрӣ медиҳанд ва тамоми кумаки заруриро мерасонанд.
Лутфан, ба одамон имконият надиҳед, ки бо роҳи нодурусту бешарафона аз раводидҳо даромад ба даст оранд!
Дар бораи муҳлатҳои баррасӣ
- Муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо барои раводид чӣ қадар аст?
- Айни замон раводиди сайёҳӣ дар муддати 3-5 рӯзи корӣ пас аз супоридани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ дода мешавад.
- Мардум маслиҳат медиҳанд, ки билет нахаред ва маблағи меҳмонхона пардохт накунед, зеро кафолате нест, ки раводид дода мешавад. Ин дуруст аст?
- Супоридани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид маънои онро надорад, ки он ҳатман дода мешавад. Барои гирифтани он фармоиш додан (брон кардан)-и билетҳои ҳавопаймо ва меҳмонхона кифоя аст. Ҳоҷат нест, ки билетҳои ҳавопаймо харед ё маблағи истиқомат дар меҳмонхонаро пардохт кунед.
- Ба киҳо метавонанд додани раводидро рад кунанд? Сабабҳои он чӣ буда метавонанд?
- Аксари дархостҳо барои гирифтани раводид бо мақсади сафар ба Туркия қабул карда мешаванд. Дар натиҷаи баррасӣ раводид ба шахсон дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:
- онҳо маълумоти бардурӯғ додаанд;
- наметавонанд мақсади сафари худро шарҳ диҳанд;
- наметавонанд исбот кунанд, ки дар давоми сафар чӣ гуна хароҷоти худро мепӯшонанд;
- шахсоне, ки барои амнияти ҷомеа хатар эҷод мекунанд.
Дар асл, ин таҷриба натанҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми кишварҳо амалӣ мешавад. Хориҷиёне, ки ба ин талаботҳо ҷавобгӯ нестанд, инчунин наметавонанд ба Тоҷикистон низ сафар кунанд.
Қарор дар бораи он ки кадом шаҳрванди хориҷӣ метавонад ба кишвар ворид шавад, тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ яке аз ваколатҳои соҳибихтиёрии ин давлат аст ва ин қоидаи заминавии бебаҳс мебошад.
Дар бораи раводидҳои донишҷӯӣ
- Раводидҳои донишҷӯӣ чӣ? Оё барои гирифтани он ягон сабукиҳо пешбинӣ мешаванд (баррасии зудтари ҳуҷҷатҳо, муҳлати кӯтоҳтари додани раводид)?
- Дар асл, ҳеҷ гуна тағйирот нашудааст. Ҳатто пеш аз ҷорӣ шудани низоми раводид ҷиҳати сафарҳо барои таҳсил раводид лозим буд. Бинобар ин, низоми раводид, ки аз 20 апрел ҷорӣ шуд, барои онҳо ягон вазъияти нав эҷод накардааст.
Дархостҳои онҳое, ки барои гирифтани раводиди донишҷӯӣ ҳуҷҷат месупоранд, зуд баррасӣ мешаванд ва раводид бе мушкилот дода мешавад. Шарти асосӣ дар ин ҷо пешниҳоди ҳуҷҷате мебошад, ки ба мактаби олии Туркия қабул шудани шуморо тасдиқ мекунад. Барои супоридани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати дарёфти раводиди донишҷӯӣ, гирифтани номаи даъват ва дигар ҳуҷҷатҳо аз муассисаи таълимие, ки дархосткунанда дар он таҳсил хоҳад кард, лозим аст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд ба файли дархост замима карда шаванд.
Дархостҳо барои гирифтани раводид одатан дар давоми 1-2 ҳафта пас аз пурра супоридани ҳуҷҷатҳо қонеъ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои фавқулодда ин муҳлатҳо метавонанд кӯтоҳ карда шаванд. Албатта, бо мурури замон дар ин самт метавонанд баъзе сабукиҳои иловагӣ ворид карда шаванд.
Дар бораи дароз кардани муҳлати раводид
- Оё барои тамдиди муҳлати раводид бе гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи истиқомат (ВНЖ) имкон ҳаст? Пештар сафорат изҳор дошт, ки ҳамаи категорияҳои раводидҳо ба иқомат дар муддати ҳадди ниҳоӣ 90 рӯз ҳуқуқ медиҳанд. Ва барои бештар аз 90 рӯз мондан, бояд Ҳуҷҷати иҷозаи истиқомат гирифта шавад.
- Муҳлати будубош дар Туркия тибқи раводид ба ҳадди аксари 90 рӯз маҳдуд аст. Шаҳрвандони хориҷие, ки бо раводид ба Туркия меоянд, ҳақ доранд дар он ҷо дар тӯли на бештар аз 90 рӯзи тақвимӣ дар давоми 180 рӯзи охир аз рӯзи ворид шудан ба кишвар истиқомат кунанд.
Шахсоне, ки мехоҳанд бештар аз ин муҳлат дар Туркия бимонанд, бояд мувофиқи ҳадафи зисташон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) гиранд.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ вобаста ба мақсад ва давомнокии истиқомати онҳо, намудҳои гуногуни Ҳуҷҷати иҷозаи истиқомат (ВНЖ) дода мешаванд. Барои гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи истиқомат, бояд ба намояндагони Раёсати муҳоҷирати Туркия муроҷиат намуд.
- Пештар сафорат изҳор дошта буд, ки ҷорӣ намудани реҷаи раводид як тадбири муваққатӣ мебошад. Оё аллакай маълум аст, ки он барои чӣ муддат муваққатӣ хоҳад буд?
- Тавре ки пештар гуфта будем, умедворем, ки реҷаи раводид муваққатӣ хоҳад буд, на доимӣ. Мо кори худро мувофиқи ин анҷом медиҳем. Ҳамаи кишварҳо раводидҳоро одатан бо ду сабаб истифода мебаранд: мушкилоти амният ва муҳоҷират.
Агар дар ин ду самт пешравӣ ба даст оварда шавад, истифодаи реҷаи раводид ба таври автоматӣ қатъ хоҳад шуд. Барои ин ҳамкории наздик ва тез-тез мубодилаи маълумот байни мақомоти мо зарур аст.
Тоҷикистониён аз куҷо метавонанд раводид гиранд?
Дархост барои гирифтани раводид тариқи «Визовый центр ABC» (Маркази раводид АВС) дар Душанбе қабул карда мешаванд.
Дар ин ҷо ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза, ба ҷуз рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 09:00 то 16:00 қабул мешаванд.
Маркази раводид дар рӯзҳои ид, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро рӯзҳои истироҳат эълон кардаанд, кор намекунад.
Суроға: кӯч. С. Айни, №48, Бизнес-центр «Созидание» (Маркази тиҷорати “Созидание”), Блоки «Б», ошёнаи 2-юм
Сомона: www.abcvisa.net
Телефон: +992 99 123 9999
Инстаграм: abc.visa.tj