Абдулмӯъмин Шарифӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, барои иҷрои нақши Қаҳҳор дар филми “Дов” дар Кинофестивали байналмилалии “Евразия-Кинофест” бо ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” қадрдонӣ гардид. Филми “Дов” ҳам соҳиби мукофот шуд.

Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Абдулмӯъмин Шарифӣ барои иҷрои нақши Қаҳҳор дар филми “Дов”-и коргардон Муҳиддини Музаффар дирӯз, 21-уми октябр дар ҷараёни маросими ҷамъбастии Кинофестивали байналмилалии “Евразия-Кинофест” дар шаҳри Маскав тақдим гардид.

Абдулмӯъмин Шарифӣ яке аз ҳунармандони соҳибтаҷриба ва шинохтаи тоҷик аст, ки нақши Қаҳҳорро дар филми “Дов” бисёр моҳирона ва табиӣ бозидааст. Барои иҷрои ин нақш ӯ дар Тоҷикистон низ соҳиби ҷоиза гаштааст. Аз ҷумла, соли гузашта дар Синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” ӯ соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” гардид. Он замон Салоҳиддин Шукурзода, ҳунарпешаи дигари тоҷик ва иҷрокунандаи нақши Маннон, қаҳрамони дигари филми “Дов” ҳам ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро гирифта буд.

Ҳамчунин, дар Кинофестивали байналмилалии “Евразия-Кинофест” филми “Дов” бо Дипломи ВАО “Барои баёни поквиҷдонона ва воқеӣ ва садоқат ба анъанаҳои неки синамои тоҷик” қадрдонӣ шуд.

Муҳиддини Музаффар, коргардони филми “Дов” баъди гирифтани диплом гуфт, ин 24-умин мукофот барои филми “Дов” дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ аст.

Муҳиддини Музаффар
Акс аз М.Музаффар

Бояд гуфт, ки Кинофестивали байналмилалии “Евразия-Кинофест” аз 17 то 21-уми октябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд. Дар он филмбардорони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Белорус, Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон бо филмҳои худ иштирок карданд.

Филми “Дов” санаи 20-уми октябр дар “Хонаи кино”-и шаҳри Маскав пешкаши тамошобинон гардид.

Ёдовар мешавем, ки филми “Дов” дар  синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” дар соли 2022 ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ”-ро ба даст овард.

Филми “Дов” дар як қатор ҷашнвораҳои байналмилалӣ ҷоиза гирифтааст, аз ҷумла дар ҷашнвораи байналмиллалии Тошканд “Марворидҳои Роҳи абрешим” - “Ҷоизаи  махсуси ҳакамон”, дар кинофестивали “Шарқу Ғарб” дар шаҳри Оренбурги Русия ҷоизаи “Беҳтарин филм” ва “Беҳтарин нақши мардона”, дар чорумин фестивали байналмилалии "Лендок" дар шаҳри Санк-Петербург ҷоизаи "Беҳтарин филмнома", дар ҷашнвораи байналмилалии синамои Калкуттаи Ҳиндустон ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ”-ро соҳиб гардидааст.

Ин филм аз ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар дар шаҳраки Вокзали шаҳри Конибодом ва шаҳраки Нефтободи шаҳри Исфара моҳҳои апрел-майи соли 2021 наворбардорӣ шудааст.

Дар он якҷо бо ҳунарпешаҳои маъруфи кишвар Абдулмӯъмин Шарифӣ ва Салоҳиддин Шукуров, инчунин Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақш офаридаанд.

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон 28-уми октябри соли 2022 дар толори синамои “Ватан” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.