Дирӯз, 19-уми октябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти нахустин синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” баргузор шуд ва ҷоизаву диплому мукофотҳо тақдим гардид.

Толори театрро ҳаводори синамо пур карда буданд. Намояндагони расмии ҳукумати кишвар ва меҳмонони синамоҷашнвора низ ҳузур доштанд. Ин маросим бо суруду мусиқӣ ва тақдими ҷоизаҳои ҷашнвора ба поён расид.

Кӣ чӣ ҷоиза гирифт?

Ҷоизаҳои синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” ба филмҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Русия, Чин ва Эрон эҳдо шуд.

Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ дар нахустин синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” ба филми “Роҳ” (Тоҷикистон) тақдим шуд. Ин ҷоизаи асосии ҷашнвора буд, ки Носир Саидов, коргардони филми “Роҳ” ва дигар ҳунармандони физми мазкур бо шодиву ифтихор ба даст гирифтанд.

Носир Саидов

Ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” дар ин ҷашнвора ба филми тоҷикии “Додараки фариштаҳо” тақдим шуд. Ин ҷоизаро коргарони филм Умедшо Мирзоширинов гирифт.


Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” ба Абдулмуъмин Шарифӣ ва Салоҳиддин Шукурзода - ду ҳунарпешаи асосии филми “Дов” (Тоҷикистон) тақдим шуд.


Тайи ду моҳи охир ин дуввумин ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-и ин ҳунарпешагони тоҷик аст: дар моҳи сентябр ҳам айни ҷоизаро дар синамоҷашнвораи “Шарқу Ғарб” дар шаҳри Оренбурги Русия ба даст оварда буданд.

Айсанам Юсупова, ҳунарпешаи филми “Ӯзбекдухтар” (филми Ӯзбекистон) барандаи ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” дар нахустин синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” дониста шуд.


Ҷоизаи “Махсуси ҳакамон”-и ҷашнвораи мазкур ҳам ба Акбар Бектурдиев, коргардони филми “Ӯзбекдухтар” (Ӯзбекистон) супорида шуд.


Ба филми “Тулӯъи инқилоб” аз Ҳиндустон бошад, ҷоизаи “Таваҷҷӯҳи тамошобин”-и синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” эҳдо гашт.


Дар синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” Тсао Юй барандаи ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор” дониста шуд. Ӯ наворбардори филми “Риштаи умр” (Чин) аст.


Ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” дар ҷашнвораи байналмиллалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” ба ду нафар - Маҳдӣ Фард Қодирӣ, коргардони филми “Озурдагон” (Эрон) ва Татяна Колганова, коргардони филми “Аломати хушбахтии деромада” (Русия) эҳдо шуд.


Ҷоизаи махсуси шаҳрдори Душанбе дар синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” ба Сайрам Исоева тақдим гардид. Ҷоизаи мазкур барои хидматҳои шоён дар театру синамои тоҷик ба ҳунарпеша тақдим гашт. Ин ҷоиза 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дорад. Ҷоизаро духтари Сайрам Исоева қабул кард.

Ҳамчунин, ба ҳайати ҳакамони ҷашнвора, меҳмонон ва дигар ҳунармандони фаъол диплому мукофотҳо тақдим карда шуд.

1/17

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида шуда, аз 15 то 19-уми октябр бо ибтикори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир гардид.

Бояд гуфт, ки синамоҷашнвораи мазкур таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории ҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, табодули таҷриба, такмили маҳорати филмбардорони ҷавон, муаррифии филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба дӯстдорони синамо, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии самтҳои сайёҳӣ, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, таҳким ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар киноиндустрия дар доираи “Барномаи рушди синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” унвон шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.