Дар таваллудхонаҳои Тоҷикистон системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ мешавад. Дар ин бора Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Рӯзи 24-уми октябр дар Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорат оид ба ҷорӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар чор таваллудхонаи пилотии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар кори семинар мутахассисоне, ки дар таваллудхонаҳо дар самти қайди таваллуд ва фавт фаъолият мекунанд, иштирок карданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни ифтитоҳи даври омӯзишӣ муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода вобаста ба зарурияти ҷорӣ намудани системаи мазкур суханронӣ карда, аз мутахассисони соҳа даъват ба амал оварданд, ки дар даври омӯзишӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани системаи номбурда талош кунанд.

Пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ ҷорисозии системаи мазкур дар таваллудхонаҳои пилотӣ (озмоишӣ)-и шаҳри Душанбе оғоз мегардад.

Директори Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Манучеҳр Шамсуллозода ва мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ Манучеҳри Асомиддин оид ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳу усулҳои амалӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа маълумот пешниҳод карданд.

Бино ба маълумоти Вазорат, системаи электронии сабти таваллуд ва фавт яке аз унсурҳои муҳими раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки барои беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст.

Ин система на танҳо ба таври автоматикӣ сабти рӯйдодҳоро таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки иттилооти мукаммал дар бораи шароити таваллуд ва сабабҳои фавт дастрас гардад.

“Ин иқдом натанҳо барои беҳтар кардани омори миллӣ зарур аст, балки барои пешгирии бемориҳо ва таҳкими системаи тандурустӣ низ нақши муҳим мебозад, - гуфта мешавад дар хабар. - Маълумоти дар вақтҳои муайян ҷамъовардашуда имкон медиҳад, ки тадбирҳои саривақтӣ барои беҳтар намудани вазъи тандурустии аҳолӣ андешида шаванд”.

Гуфта мешавад, афзалияти асосии система дақиқӣ ва фаврияти маълумот ва беҳтар намудани банақшагирӣ ва пешгӯӣ арзёбӣ гардида, ҳамзамон автоматиконии ҷараёни сабт кори дастиро кам ва эҳтимоли хатогиҳоро кам мекунад.

Зикр мегардад, ки системаи электронӣ метавонад бо платформаҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҳамгиро шуда, арзиши онро барои таҳлил дар сатҳҳои баландтар боло барад.

Афзалияти дигари система дар нигоҳдории маълумот ва махфияти он низ ном бурда мешавад. Система ба таври қатъӣ меъёрҳои амнияти иттилоотиро риоя мекунад, ки ин кафолати муҳофизати маълумоти шахсиро таъмин менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.