Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи дастаҳои мунтахаби кишварҳоро нашр кард. Мувофиқи маълумоти нашршуда, мавқеи мунтахаби Тоҷикистон ду зина поин рафта, акнун бо 1196.98 балл  мақоми 105-умро касб кардааст (қаблан дар зинаи 103-юм қарор дошт).

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар зинаи аввал (58-ум), Қирғизистон - мақоми дуюм (103-юм), Тоҷикистон - дар зинаи 3-юм (105-ум), Қазоқистон дар мақоми 4-ум (107-ум) ва Туркманистон - дар зинаи 5-ум (144-ум) ҷой гирифтаанд.

Дар ҳисоби умумӣ радабандии ФИФА 120 дастаи мунтахабро дар бар мегирад. Дар 5 зинаи аввал мунтахабҳои  Аргентина (1883,5 балл), Фаронса (1859,8), Испания (1844,3), Англия (1807,8) ва Бразилия (1784,4) қарор доранд.

Байни мунтахабҳои қораи Осиё Тоҷикистон зинаи 18-умро касб карда, пешсафон дар ин ҷо Ҷопон (зинаи 15-ум), Эрон (19), Кореяи Ҷанубӣ (22), Австралия (24), Қатар (46), Ироқ (56), Ӯзбекистон (58), Арабистони Саудӣ (59), Урдун (64) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (68) мебошанд.

Сурат: ФФТ

Даҳгонаи аввал (ТОП-10) дар радабандии ФИФА: 1 (1). Аргентина — 1883.5; 2 (2). Фаронса — 1859.85; 3 (3). Испания — 1844.33; 4 (4). Англия — 1807.83; 5 (5). Бразилия — 1784.37; 6 (6). Белгия — 1761.27; 7 (8). Португалия — 1752.68; 8 (7). Нидерланд — 1748.24; 9 (10). Италия — 1729.4. 10 (9). Колумбия — 1724.37.

Кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР): 25 (24). Украина — 1552.37; 34 (34). Русия — 1508.73; 58 (60). Ӯзбекистон — 1429.26; 67 (66). Гурҷистон — 1365.56; 97 (97). Беларус — 1231.1; 99 (96). Арманистон — 1222.74; 103 (106). Қирғизистон — 1207.08; 105 (103). Тоҷикистон — 1196.98; 107 (109). Қазоқистон — 1186.46; 118 (113). Озарбойҷон — 1161.8; 124 (122). Эстония — 1145.52; 137 (137). Латвия — 1093.82; 141 (139). Литва — 1082.36; 144 (142). Туркманистон — 1065.42; 150 (149). Молдова — 1040.83.

Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2024 - зинаи 99-ум пас аз ҳунарнамоии муваффақона дар давраи финалии Ҷоми Осиё дар Қатар ба қайд гирифта шудааст. Беҳтарин нишондиҳандаи дуюми Тоҷикистон дар радабандии дастаҳои мунтахаб - зинаи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 мебошад, ки дар ин сол мунтахаби кишвар 40 зина боло рафта буд.

Бадтарин натиҷаи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар соли 2003-юм - зинаи 180-ум мебошад. Бадтарин нишондиҳандаи миёнаи солона дар соли 2002-юм - зинаи 168-ум байни 207 даста сабт шуда буд.

Бозиҳои наздиктарини мунтахаби Тоҷикистон дар рӯзҳои моҳи ноябри ФИФА баргузор мешаванд. Дар Душанбе байни дастаҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Непал бозиҳои дӯстона баргузор мешаванд.

Футболбозони тоҷик рӯзи 13 ноябр бо тими Непал ва 19 ноябр - бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунанд. Рӯзи 16 ноябр дар Душанбе бозӣ байни тимҳои Непал ва Афғонистон доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.