“Алло, алло”, “Сандуқчаи зулбиё”, “Аспаки ман”, “Зани порсо”, “Қиссаҳои Нозанин” ва даҳҳо филмҳои тасвирии дигар аз зумраи маъмултарин филмҳои тасвирии тоҷикӣ буда, аз ҷониби муассисаҳои мухталифи давлативу мустақил таҳия ва пешкаши мардум гардидаанд.
Дар Тоҷикистон ба офариниши ин навъи филмҳо хеле дер, 10-15 сол пеш шуруъ карданд ва ҳанӯз филми тасвирие офарида нашудааст, ки таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи кишварро ҷалб карда бошад. Дар ҳоле ки вазъи худи синамо дар кишвар нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, бахши филмҳои тасвирӣ дар кадом ҳолат қарор дорад?
“Азия-Плюс” дар ин мавод аз филмҳои тасвирии ватанӣ ёдовар шуда, ба мушкилоти ин бахши синамо таваҷҷуҳ кард.
Имрӯз дар Тоҷикистон асосан “Тоҷикфилм”, телевизионҳои “Баҳористон” ва “Синамо” ба истеҳсоли филми тасвирӣ машғуланд. “Тоҷикфилм” даҳ сол инҷониб, аз соли 2014 филми тасвирӣ таҳия мекунад. Аввалин филми тасвирии ин ниҳоди эҷодӣ “Ҳамсояҳо” ном дошт ва он аз се қисм иборат аст. Баъдан, филмҳои тасвирии “Деви мевахӯр”, “Саргузашти гандум”, “Зани порсо”, “Алифбо” ва ахиран соли 2023 “Бабри барфӣ” пайиҳам сохта шуданд.
“Зани порсо” имсол дар Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” дар бахши “Беҳтарин филми тасвирӣ” ҷоиза ба даст овард.
Ҳамчунин, ин муассиса ба ҳар як ҳарфи алифбои забони тоҷикӣ 35 силсилафилм таҳия кардааст.
Фирдавс Насруллозода, сардори шуъбаи аниматсионии “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳоло дар ин ниҳод таҳияи филми тасвирии “Нахӯдак” идома дошта, аллакай як қисми он омода аст ва ба сохтани қисми дуюм машғуланд.
Ҳамчунин “Тоҷикфилм” нақша дорад, аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ “Ҳафт хони Рустам”-ро дар шакли филми аниматсионӣ таҳия кунад.
Ҳусейн Чиллаев, рассом ва таҳиягари филмҳои тасвирӣ, ки аксари филмҳои аниматсионии телевизиони “Баҳористон”-ро таҳия кардааст, аз аввалин филмҳои тасвириаш дар телевизиони “Баҳористон” аз ҷумла, “Алло, алло”, ки солҳои 2010-2011 сохта шудаанд, ёд оварда, дар идома “Кабӯтараки сафед”, “Аспаки ман”, “Смартфон”, “Чашма”, “Дастамро раҳо накун” ва чанд филми дигарро номбар кард.
Ӯ барои ин телевизион 40-50 филми тасвирӣ офаридааст, ки “Смартфон” ва “Гули шикаста” аз охирин намунаҳои он аст ва соли 2023 рӯйи навор омадааст.
“Яке аз беҳтарин филмҳои тасвирӣ, ки ман сохтам, “Зарофачаи себдӯст” буд, ки соли 2017 дар ҳамдастӣ бо марҳум Аловуддин Абдуллоев таҳия шуд”, - гуфт ӯ.
Ҳусейн Чиллаев мегӯяд, ҳар вақте дар шабкаҳои иҷтимоӣ дар бораи филмҳояш шарҳи тамошобинҳоро мехонад, хушҳол мешавад, зеро мардум хуш пазируфтаанд.
Ӯ бар ин назар аст, филмҳое, ки солҳои аввали фаъолияташ дар ТВ “Баҳористон” сохта шуда буданд, дар асоси таҷрибае, ки тӯли ин солҳо андӯхт, бояд аз нав таҳия шаванд.
Шуруъ аз соли 2016, баъди як соли таъсисёбиаш муассисаи давлатии ТВ “Синамо” низ ба таҳияи филмҳои тасвирӣ оғоз кард.
То имрӯз ин телевизион зиёда аз 50 филми тасвирӣ омода кардааст, ки “Дӯсти беҳтарин”, “Бозубанди паҳлавонӣ”, “Иттиҳоди барзаговҳо”, “Сари баланд” аз намунаҳои беҳтарини филмҳои тасвирии ин телевизион аст. Филми “Бозубанди паҳлавонӣ” дар бораи ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллӣ ва “Сари баланд” дар бораи парчами давлатӣ таҳия шудаанд.
Далер Ҳасанзода, сармуҳаррири идораи филмҳои тасвирии ТВ “Синамо” гуфт, филми тасвирии “Дӯсти беҳтарин”, ки либосҳои миллӣ, дастовардҳои шаҳри Душанбе ва китобдӯстиро инъикос мекунад, соли 2022 дар бахши “Беҳтарин филми тасвирӣ”-и Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” соҳиби ҷоиза гардид.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи зиёда аз 20 ҳикояти “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно филм бардоштаанд, аз ҷумла “Шер ва Гов” ва “Заргари дурандеш”.
“Филми “Иттиҳоди барзаговҳо” охирин филмест, ки аз ҷониби ТВ “Синамо” офарида шуда, дар мисоли ҷонварон муносибати инсонҳо ба ҳамдигар ва ба табиат нишон дода шудааст. Мо тасмим дорем, ки силсилафилми тасвирии “Хоби хурдтаракон”-ро ташкил кунем”, - гуфт Ҳасанзода.
“Филмҳои тасвирӣ дар бойгонии “Тоҷикфилм” хобанд”. Чаро?
Фирдавс Насруллозода гуфт, то ҳол тамоми филмҳои тасвирие, ки аз ҷониби “Тоҷикфилм” сохта шудаанд, аз ҷониби ягон телевизион ё шабакаҳо пахш нашудаанд ва дар бойгонӣ хобанд. Сабаби инро ӯ ба набудани харидор рабт дод.
“Киностудия намехоҳад, ки филмҳояш харидорӣ нашуда, ба шабака ё телевизионҳо раванд, зеро он бояд хароҷоташро барорад. Вале то ҳол ягон шабакаву телевизион ин филмҳоро нахаридаанд”, - бо таассуф афзуд ин коргардони тоҷик.
Ӯ ҳангоми таҳияи силсилафилми тасвирии “Алифбо” умед дошт, ки ТВ “Баҳористон” ё Вазорати маориф ва илми кишвар ин силсилафилмро харидорӣ мекунанд, вале ҳарчанд “Тоҷикфилм” муроҷиат кардааст, ҳеҷ яке ин филмҳоро харидорӣ накардаанд.
Аксари ин филмҳо имрӯз дар сомонаи YouTube-и “Тасвирнигор” пахш шудаанд, зеро ба гуфтаи ӯ, “дар олами синамо асосан ду ҳафтаи тиллоӣ ва баъди он ду моҳи миёнаумрӣ мавҷуд аст, ки филм бояд дар ин ду давра тамоми хароҷоташро барорад. Баъди ин мӯҳлат аллакай давраи харидориаш мегузарад ва метавон дар интернет пахш кард”.
Далер Ҳасанзода дар филмсозӣ ҷо доштани камбудиҳои зиёдеро эътироф карда, мушкилоти асосии соҳаро набудани мутахассисони варзида унвон кард.
Ба андешаи ӯ барои табиӣ ва таъсирбахш намудани филми тасвирӣ бояд персонажҳо, масалан ҳамон гов, хар, муш ё дигар ҳайвонот таъсирбахштар сохта шаванд ва барои ин мутахассиси варзида лозим аст.
Ҳусейн Чиллаев низ зарурати мутахассиси хубро махсус таъкид карда, дар идома мушкили маблағро низ қайд кард.
Ин таҳиягари филмҳои тасвирӣ мегӯяд, барои сохтани як филми тасвирии 4-5-дақиқагӣ 2-3 моҳ вақт лозим аст, зеро тибқи қоидаи ин навъи филм ҳар як сония бояд 24 расмро дарбар гирад. Ҳусейн барои сохтани филми тасвирии 4-5-дақиқагӣ зиёда аз ҳазор расм тасвир мекунад.
Айни замон ӯ мустақилона ба сохтани филми тасвирии инфиродии худ машғул аст ва мехоҳад аз рӯйи рағбате, ки ӯ нисбат ба ин соҳа дорад, он филмҳоро таҳия ва пешниҳод кунад.
Илова ба филмҳои боло, лоиҳаҳои махсусе буданд, ки маҳз ба таҳияи филми тасвирӣ бахшида шуда буданд. Аз ҷумла бо дастгирии ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо ТВ “Баҳористон” силсилафилми “Сандуқчаи Зулбиё” зиёда аз 30 қисм таҳия гардид, ки қариб тариқи аксари шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуда буд ва имрӯз низ дар шабакаи YouTube дастрас аст.
Тасвири фоҷиаи Ҳувайдо дар филми тасвирӣ
Лолисанам Улуғова, коргардони тоҷик фоҷиаи Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсоларо, ки соли 2018 дар Русия кушта шуд, дар филми тасвирие бо унвони “Ҳувайдо” ҷо додааст. Филм танҳо аз ҳаракатҳо иборат буда, овоз надорад. Муаллифи филм кӯшиш кардааст, ки сабаби ба чунин ҳолат дучор омадани духтараконро нишон дода, ҳамзамон гунаҳкорро тавассути эътирози қувваҳои дар табиат мавҷуд ҷазо диҳад.
“Ба ман бештар тасвири падару модари кӯдак ва худи ин духтарак муҳим буд. Хостам, нақши ӯ мисли ҳамаи кӯдакон беозору беғам бошад, аммо падару модари ӯро тавре бояд тасвир мекардам, ки зери бори мушкилоти зиндагӣ ҳастанд, зиндагие, ки аксар муҳоҷирон дар ҳиҷрат доранд”, - гуфтааст Лолисанам Улуғова дар як мусоҳиба.
Тамоми филмҳои тасвирие, ки дар боло дар бораашон гуфта шуд, куллан бо забон ва фарҳангӣ тоҷикӣ мебошанд. Аксари ин филмҳо дар шабакаи YouTube дастрас буда, бештар аз 1 миллион маротиба тамошо шудаанд.
Бо вуҷуди ин ҳама мушкилоте, ки соҳа дорад, коргардонҳои филми тасвирӣ ба беҳтар шудани вазъ чашмдоранд.
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста