То аввали соли равон теъдоди умумии блогероне, ки дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд, 114 субъектро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, теъдоди блогерони сабтшуда тайи соли ахир 26 субъект афзудааст.
Аз ҷумла, дар Кумита зикр мекунанд, ки 71 блогер ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, бар асоси шаҳодатнома кор мекунанд ва 43 блогер ба сифати шахсони ҳуқуқӣ фаъолият доранд.
Дар Кумитаи андоз таъкид мекунанд, ки соли 2024 даромади умумии блогерон 27 млн сомонӣ (ҳудуди 2,5 млн доллар)-ро ташкил дода, 4,8 млн сомонӣ (448 ҳазор доллар) ба пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ равона шудааст.
Дар Кумита эътироф мекунанд, ки дар асл теъдоди блогерон хеле зиёдтар аст, лекин дар мавриди ошкор кардан, бақайдгирӣ ва андозбандии чунин субъектҳо мушкилиҳо ҷой доранд, зеро барои ин корҳо вақти хеле зиёд лозим аст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2021 блогерони Тоҷикистонро ба пардохти андоз аз даромадҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube, аз ҷумла даромадҳо аз гузаронидани бозии лотерея ва дигар бозиҳо уҳдаор намуданд.
Мувофиқи қонунгузории андози кишвар, блогере, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ бар асоси шаҳодатнома кор мекунад, андозро бо тариби соддашуда дар ҳаҷми 6% аз даромади умумии худ пардохт мекунад.
Блогере, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, аз фоидаи худ 18% пардохт мекунад, яъне баъди аз ҳисоб баровардани хароҷоте, ки аз даромад ба даст оварда шудааст.