Имрӯз намози ҷумъа дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон хонда мешавад ва дар 4 масҷиди дар маркази Душанбе ҷойдошта намоз баргузор намегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, намози ҷумъа ва намозҳои панҷвақта мисли маъмул дар масҷиди ҷомеъи ба номи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки ҳоло ба номи масҷиди нав ва калон маъруф аст, баргузор мегардад.
Аммо имрӯз дар масҷидҳои ҷомеъи ба номи “Ҳоҷӣ Яъқуб” (масҷиди марказӣ), “Сари Осиё” (наздикии хона-музейи Мирзо Турсунзода), “Имоми Аъзам” (назди беморхонаи Ёрии таъҷилӣ) ва “Имом Бухорӣ” (поёни ТВ “Варзиш”) намози ҷумъа баргузор намегардад.
Инчунин, дар масҷидҳои ҷомеъи болозикр ва масҷиди панҷвақтаи ба номи “Ҳоҷӣ Исматулло” (паҳлӯи пули фурӯдгоҳ) то рӯзи 12-уми октябр намозҳои панҷвақта низ хонда намешавад.
“Дар Душанбе беш аз 140 масҷид фаъолият мекунад, ба ҷуз 5 масҷиди зикршуда, дигар масоҷид тибқи маъмул фаъолият мекунанд. Намозгузорон метавонанд дар масҷидҳои дигар намози ҷумъа ва панҷвақтаи худро адо кунанд”, - гуфтанд аз Кумитаи дин.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, масҷидҳои муваққатан басташуда аз рӯзи душанбеи 13-уми октябр дубора фаъолияташонро ба роҳ мемонанд.
Бояд гуфт, ки кори масҷидҳои ҷомеъи Душанбе барои баргузории ҳамоиши “Осиёи Марказӣ + Русия” ва нишасти сарони ИДМ боздошта шудааст.
Дар остонаи баргузории ин ҳамоишҳои байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахти кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣ ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста боқӣ мемонанд.
Дар ин рӯзҳо дар Душанбе кадом чорабиниҳо баргузор мегарданд? Дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста