Дар умум, 105 зан лоиҳаи худро пешниҳод карданд, ки аз ин 60 зан соҳиби гранти раиси вилоят шудаанд. Маблағи умумии грант 420 ҳазор сомонӣ аст.
Маросими супоридани грантҳои раиси вилояти Суғд рӯзи 3-юми ноябр дар ҳукумати вилоят баргузор гардид.
Муяссара Мавлонӣ, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд гуфт, тибқи хулосаи ҳакамон, ба 15 зан дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 зани дигар 8 ҳазор сомонӣ ва 30 зан 5 ҳазор сомонигӣ гранти раиси вилоят дода шуд. Онҳо ният доранд, ки "бо истифода аз маблағи грантӣ доираи фаъолияти коргоҳҳои худро васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд".
“Озмуни грантӣ ба занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд”- гуфт ин масуъули ҳукумати Суғд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, соли равон, 39 зан аз Суғд бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ соҳиби гранти президентӣ гардиданд.
Муяссара Мавлонӣ гуфт, тибқи қарори нави раиси вилояти Суғд маблағи грант барои занони соҳибкор дар солҳои 2026-2030 аз 420 ҳазор ба 560 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Ин аст, ки аз соли 2026 ба 80 зан гранти раиси вилоят дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки гранти раиси вилояти Суғд соли 2010 ҷорӣ шуда, 15 сол боз ба занҳои ҳунарманди Суғд дода мешавад. Соли гузашта 60 зан соҳиби он шуда буданд.




Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста