Намояндаи расмии неруҳои эътилоф бо роҳбарии Арабистони Саудӣ дар хусуси анҷом ёфтани амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ бар зидди силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Ал-Ҳаусӣ» дар Яман изҳорот дод.
Бино ба иттилои торнамои шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар ивази амалиёт гуфтушуниди сиёсӣ барои ба эътидол овардани вазъият ба роҳ монда мешавад, аммо дар сурати пеш омадани зарурат, ин тадбири муҳими низомӣ дубора рӯйи даст гирифта хоҳад шуд.
Намояндаи неруҳои эътилоф Аҳмад Асирӣ иқрор шудааст, ки хатми марҳалаи аввали мубориза бар зидди ин созмони ифротгаро маънии пурра ба охир расидани онро надорад, аз ин хотир дар навбати дуюм ба сиёсатмадорон имконият дода мешавад, ки бо роҳи гуфтушунид барои ба эътидол овардани вазъият дар минтақа кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Гуфта мешавад, рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон бар асари ду амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ дар Яман беш аз 40 нафар ба ҳалокат расид, ки бештари онҳо сокинони осоишта буданд. Дар музофоти Ибб бошад, дар пайи зарбаҳои ҳавоӣ пули мошингузар хароб гардид. Ин дар ҳолест, ки ҳангоми мушакборон тавассути пул даҳҳо автомобил гузар мекард. Зарбаи дигари ҳавоӣ ба минтақаи аҳолинишини Харад, ки бо Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст, анҷом дода шуд.
Зикр мегардад, ки дар ҳамин ҳол дар шаҳри Таиз миёни ҷангиёни «Ал-Ҳаусӣ» ва ҷонибдорони президент Абдураббу Мансур Ҳодӣ задухӯрди таслиҳотӣ сурат гирифт. Воҳидҳои низомии давлатҳои эътилоф то ҳол роҳи баҳриро дар ихтиёр доранд, то ба силоҳбадастони ифротгаро яроқу аслиҳа дастрас карда нашавад.
Рӯзҳои ахир дар Афғонистон чӣ мегузарад: аз қатли оми тоҷикҳо то душманхонии Тоҷикистон
Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи июн: ҳарорат баъзан то 45 дараҷа гарм мешавад
Дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад
Гумонбари сеюми парвандаи куштори оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун низ аз баёноташ даст кашид
Дар конфронси парлумонии Боку раиси парлумони Тоҷикистон дар чӣ бора изҳори назар кард?
Туркманистонро боз 490 қазоқтабори дигар тарк мекунанд
Шиносномаҳои рӯзноманигори таҳқиқгари қирғиз Болот Темировро бекор кардаанд
Президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба журналистонро дар Душанбе маҳкум кард
Куштани як марди 40-сола дар пайи як даргирӣ дар Мастчоҳ
Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии саршиноси кишвар дар синни 70-солагӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста