Арабистони Саудӣ талаботи Эрон дар робита ба масъалаи иштироки зойирони эронӣ дар маросими ҳамасолаи ҳаҷро рад кард. Дар ин кишвар айбномаи Эрон доир ба аз ҷониби Арабистони Саудӣ «баста шудани роҳ ба сӯи Аллоҳ»-ро «қобили қабул намешуморанд».
Вазири корҳои хориҷии Арабистони саудӣ Одил ал-Ҷубайр изҳор доштааст, ки Эрон иҷозати гирдиҳамойӣ гзаронидан ва имтиёзоти дигареро талаб кардааст, ки ба бетартибӣ дар маросими адои ҳаҷ дар шаҳрҳои муқаддаси ин кишвар боис шуда метавонанд.
Қаблан рӯзи якшанбе вазири фарҳанги Эрон Алӣ Ҷаннатӣ изҳор намуда буд, ки эрониён имсол ба зиёрати Хонаи Худо намераванд.
Соли 2015 дар маросими адои ҳаҷ беш аз 460 нафар зойирони эронӣ зери пойи издиҳоми бузург монда, ба ҳалокат расида буданд. Ҳукумати Эрон Арабистони Саудиро дар ғайриқаноатбахш ташкил кардани маъракаи ҳаҷ гунаҳкор хонд.
Моҳи январи соли равон бинобар сабаби оташзаниву ҳамлаи тазоҳургарон ба бинои сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар Машҳад, Арабистони Саудӣ робитаҳояш бо Эронро қатъ кард.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста