Дар ҳамла ба азодорони маросими "Ошӯро" дар зиёратгоҳи Сахӣ дар шаҳри Кобул 14 нафар кушта шуда ва 36 тани дигар захм бардоштаанд. Даргириҳо дар ин зиёратгоҳ ба кушта шудани ҳамлаварон ба поён расидааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон дар гуфтугӯ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки эҳтимол дорад шумораи қурбониёни ин ҳодиса аз ин бештар бошад.

Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳамзамон эълон кардааст, ки ҳамла аз сӯи як нафар марди мусаллаҳ анҷом шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, ки шумораи ҳамлаварон се нафар будааст. Абдураҳмон Раҳимӣ, фармондеҳи пулиси шаҳри Кобул низ ба расонаҳои он кишвар гуфта буд, ки чаҳор ҳамлавар дар ин ҳодиса даст доштанд ва нерӯҳои амниятӣ ҳамаи онҳоро ба қатл расонданд.

Зиёратгоҳи Сахӣ дар ҳавзаи савуми амниятии Кобул дар минтақаи Кортаи Сахии пойтахти Афғонистон воқеъ мебошад. Ҳамла ба маҳали сугвории шиаиён бо таркише дар наздикии он асри рӯзи гузашта оғоз шуд. Пеш аз ин як мақоми баландпояи амниятии Афғонистон аз касоне, ки мехостанд дар маросими Тосуъо ва Ошӯро ширкат кунанд, тақозо карда буд, ки танҳо дар масҷидҳо нишастҳои азодорӣ баргузор кунанд ва дар хориҷ ҳаққи баргузор кардани чунин маросимҳоро надоранд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамла ба зиёратгоҳи Сахӣ дар Кобулро ба ӯҳда нагирифтааст.

Шиаиён дар Афғонистон аққалият мебошанд ва дар мавриди шумораи онҳо низ омори гуногун вуҷуд дорад. Бар асоси омори як маркази таҳқиқотӣ дар Вошингтон, ҳафт дарсади мардуми ин кишвар шиа ҳастанд. Аммо тибқи бархе таҳқиқот дар дохили худи Афғонистон, шумораи шиамазҳабон 20 дарсади аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд. Аксарияти шиаҳои афғон аз ҳазораҳо ва тоҷикҳо мебошанд.

Тибқи ривоятҳои исломӣ, шиаҳо рӯзи "Ошӯро"-ро барои он бузургдошт мекунанд, ки дар ин рӯз Ҳусайн - набераи ҳазрати Муҳаммад, паёмбари ислом, бо 72 тан аз ёронаш ба шаҳодат расиданд. Аз ин рӯз дар Афғонистон ва бархе дигар аз кишварҳои исломӣ маросимҳои хоси додани садақа ва рафтан ба зиёратгоҳҳо баргузор мешавад.