Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ ҳукми қатл нисбати шоҳзода Турки бин Сауд Ал Кабир, яке аз аъзои оилаи шоҳигариро ба иҷро расониданд. Шоҳзода як сол пеш ба куштор гунаҳкор дониста шуда буд.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии моҳворагии «Ал-Арабия» бо истинод ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии шоҳигарӣ, шоҳзода зимни як муноқишаи дастаҷамъона дар хаймаи урдӯгоҳ тирпарронӣ карда, дӯсти худ Одил бин Сулаймон Ал Муҳаммадро қатл кард ва ҳамчунин боз як тани дигар низ захмӣ шуда буд.

Ҳукми қатл нисбати шоҳзодаро Судҳои олӣ ва таҷдиди назар (апеллятсионӣ)-и Аарабистони Саудӣ тасдиқ кардаанд. Аҳли оилаи ҳалокшуда ҷубронпулиро рад намуда, тақозо карданд, ки ҳукми одилона содир гардад.

Иҷрои ҳукми қатлро худи шоҳ бо фармонаш тасдиқ кардааст. Иҷрои ҳукми қатли намояндаи оилаи шоҳигарӣ нахустин дар таърихи шоҳигарии ин кишвар мебошад.

Дар Арабистони Саудӣ қонунҳои шариат амал мекунанд. Ҳукми олии қатл барои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, тавҳин ба муқаддасоти исломӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ғоратгарии мусаллаҳона содир мешавад.

Агентии иттилоотии тиҷоратӣ ҳамчунин хотирррасон мекунад, ки моҳи январ дар шоҳигарӣ ҳукми қатли гурӯҳи иборат аз 47 нафар ба иҷро расид, ки барои иштирок дар амалҳои террористӣ ва суиқасд алайҳи ҳукумат маҳкум шуда буданд.