Дар шаҳри Кветтаи Покистон бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба маркази таълимии полис ҳудуди 60 нафар ҳалок гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «GEO TV» хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, сардори полиси музофоти Балуҷистон Сарфароз Бугти пас аз нобуд гардидани 3 ҷинояткор дар бораи анҷом ёфтани амалиёт эълон кард. Тибқи гуфтаи ӯ, ҷангиён бо худ камарбанди маргталаб доштаанд.

Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки ҳамлаи шоми рӯзи душанберо гурӯҳи шашнафараи ҷангиён роҳандозӣ кардааст. Бино ба гуфтаи низомиён, эҳтимол ҳамларо гурӯҳи бо «Толибон» алоқаманд- «Лашкари Ҷангви» амалӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ дар ин робита, мақомҳои амниятӣ дар Покистон гуфтаанд, ки дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як маркази омӯзишии пулис дар шаҳри Кветта - маркази вилояти Балуҷистон - ҳадди ақалл 60 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуда, ин ҳамла шаби 24 ба 25 октябр рух додааст.